Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ вазири корҳои хориҷии Украина ба қатл муттаҳам шуд


Собиқ вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожара (аз тарафи рост) дар Киев дастгир шуд. 25-уми марти 2020
Собиқ вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожара (аз тарафи рост) дар Киев дастгир шуд. 25-уми марти 2020

Пулиси Украина вазири корҳои хориҷии пешини он кишварро бо иттиҳоми қатли масъули як шабакаи телевизионӣ дастгир кардааст.

Леонид Кожараи 57-сола ҳангоми президентии Виктор Янукович, аз ҷонибдорони наздики Кремлин, ду сол ба ҳайси вазири умури хориҷӣ кор карда буд.

Муовини вазири умури дохилии Украина рӯзи 25-уми март дар Фейсбук навишт, Кожара пас аз боздошт ба додгоҳ бурда шуд, то муддати зиндонаш мушаххас шавад.

Вай ба куштани Сергей Старитский, масъули яке аз пурбинандатарин телевизионҳои Украина муттаҳам аст.

Ҷасади Старитскийро рӯзи 22-юми феврали имсол аз хонааш дар Киев пайдо карданд. Пулис мегӯяд, Старитский бо зарби тир кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG