Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи маъбади сикҳо дар Кобул 25 нафар кушта шуд


Ин зани сик дар ҳамлаи имрӯза хешовандонашро аз даст дод
Ин зани сик дар ҳамлаи имрӯза хешовандонашро аз даст дод

Дар ҳамлаи силоҳбадастон ба маъбади сикҳо дар Кобул рӯзи 25 март дасти кам 25 нафар кушта шуд. Вазорати дохилии Афғонистон гуфт, ки дар паи амалиёти нирӯҳои амниятӣ, ҳамаи ҳамлагарон кушта шуданд. Дар ин ҳодиса инчунин тахминан 80 нафар маҷрӯҳ шуд.

Вебсайти иктишофии SITE, ки маводи нашршавандаи ҷангҷӯёнро пайгирӣ мекунад, гуфт, ки масъулияти ҳамла ба маъбадро як бахши гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт.

Сухангӯи Толибон бо нашри изҳороте дар саҳифаи Твиттер гуфт, ки ин гурӯҳ дар ҳамла ба маъбад даст надорад.

Дохили маъбад
Дохили маъбад


Нарендер Сингҳ Халса, як намояндаи ҷомеаи хурди сикҳҳо дар порлумони Афғонистон дар суҳбат бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, дар дохили маъбад тахминан 150 нафар мондаанд. Аксари ин афроди гаравгон занону кӯдакон ҳастанд, ки ба хотири ширкат дар маросими намози субҳ ба ин ҷо омада буданд. Ӯ гуфт, аксари онҳо бо аъзои оилаашон дар он ҷо ҳастанд. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Ториқ Ориён гуфт, нирӯҳои амниятӣ минтақаро муҳосира карда, талош доранд биноро аз ҳамлагарон озод кунанд. Ӯ гуфт, дастикам чор ҳамлагар бо ходимони полис вориди даргирӣ шудаанд. Ба гуфтаи Ориён, амалиёти озодкунии мардум боэҳтиёт пеш меравад, то ки мардуми дармонда дар дохили бино осеб набинанд ва то ҳол чанд нафар озод шудаанд.

Хабаргузории АР гуфт, ки як қурбонӣ кӯдак буда, ҷасадашро ба беморхонаи Кобул интиқол доданд.

Ҷомеаи сикҳҳо дар Афғонистон хеле хурд буда, аз тақрибан 300 оила иборат аст. Дар гузашта ин мардум мавриди ҳадафи гурӯҳҳои ифротии ҷангҷӯ қарор гирифтааст. Соли 2018 дар як ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шаҳри Ҷалолобод тахминан даҳ намояндаи ҷомеаи сикҳҳо кушта шуданд.

Ба созиши сулҳи моҳи феврали ИМА ва Толибон аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” шомил намешаванд.

XS
SM
MD
LG