Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 37 коргари туркман дар Туркия баъди истеъмоли машруботи бесифат


Як қабристоне дар Истамбул
Як қабристоне дар Истамбул

Гузоришҳо аз Туркия ҳокӣ аз он аст, ки дар паи истеъмоли машруботи алкоголии бесифат дар Туркия дар давоми рӯзҳои истироҳати гузашта дасти кам 37 коргари туркман ҷон доданд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 24 март гуфт, ки дар паи нӯшидани машруботи ғайриқонунӣ дар шаҳри Истамбул ҳадди аққал 38 нафар даргузашт. Аксари ин нафарон дар қабристони Килёс Мезарлигии Истамбул ба хок супурда шуданд.

Як коргари қабристон гуфт, ки ӯро дар бораи эҳтимоли афзоиш ёфтани шумори ҷасадҳо огаҳ карданд. Дар тани бисёре аз ҷасадҳои тоза хоксупоришуда танҳо рақам асту исму ҳуввияти ҷасад маълум нест. Бо баста шудани фурудгоҳҳову маҳдудият дар парвоз интиқоли ҷасадҳо ба Туркманистон дар шароити карантини сартосарӣ тақрибан номумкин аст. Хешовандони ин қурбониҳо дар Туркманистон гуфтаанд, ки бо монеаҳои бюрократӣ ҳам рӯбарӯ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол полиси Истамбул гуфт, ки 11 нафарро бо гумони фурӯши машруботи ғайриқонунӣ боздошт кардааст. Полиси Туркия инчунин гузориш дод, ки баробар бо арақи сохташуда силоҳ ва муҳимоти дигарро низ ошкор ва мусодира кардааст.

XS
SM
MD
LG