Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баста шуд


Мақомоти Тоҷикистон гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Қирғизистонро, ки то рӯзи сешанбе 42 мавриди гирифторӣ ба коронавирусро сабт кардааст, муваққатан бастанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ин маҳуддият рӯзи 24-уми март ҷорӣ шуда, то замони ба эътидол омадани вазъият идома хоҳад кард. Сабаби чунин тасмимро мақомот "эълон гардидани сирояти коронавирус ва вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ" рабт додаанд.

Ин маҳдудият ба

  • шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба кишвар ворид мешаванд;
  • хориҷиҳое, ки аз Тоҷикистон рафтанианд;
  • ронандагони мошинҳои борбар;
  • дипломатҳо ва аъзои оилаи онҳо;
  • аъзои ҳайатҳои ҳукуматӣ

дахл надорад.

Дар Қирғизистон шумори мубталоён ба коронавирус то рӯзи 24-уми март ба беш аз чиҳил нафар расидааст. Дар миёни мубталоён ду тифли то 1-сола, кӯдаки 6 сола, навраси 14-сола низ ҳастанд. Боқӣ аз 16 то 86 сол доранд.

Ҳамаи онҳо дар бемористони ҷумҳуриявии касалиҳои сироятии шаҳри Бишкек, бемористонҳои вилоятҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Бодканди Қирғизистон бистарӣ карда шудаанд.

Ба огаҳии ситод, 4 тани дигар бо натиҷаи мусбати пешакӣ бистарӣ шуда, озмоиши онҳо идома дорад. Эҳтимоли гирифтории 96 каси дигар вуҷуд дошта, феълан натиҷаи озмоишҳояшон манфӣ аст. Ҷамъан 142 кас, 68 мард ва 74 зан бистарӣ карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG