Дар Қирғизистон 26 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора муовини вазири тандурустии Қирғизистон Толо Исоқов дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ хабар дод.
Дар миёни мубталоён ду тифли то 1-сола, кӯдаки 6 сола, навраси 14-сола низ ҳастанд. Боқӣ аз 16 то 86 сол доранд.
Ҳамаи онҳо дар бемористони ҷумҳуриявии касалиҳои сироятии шаҳри Бишкек, бемористонҳои вилоятҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Бодканди Қирғизистон бистарӣ карда шудаанд.
Ба огаҳии ситод, 4 тани дигар бо натиҷаи мусбати пешакӣ бистарӣ шуда, озмоиши онҳо идома дорад. Эҳтимоли гирифтории 96 каси дигар вуҷуд дошта, феълан натиҷаи озмоишҳояшон манфӣ аст. Дар умум 142 кас, 68 мард ва 74 зан бистарӣ карда шудаанд.
Ҳамин тариқ дар Қирғизистон шумори мубталоён ба коронавирус то рӯзи 24-уми март ба 42 нафар расидааст.