Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд дари бозору марказҳои тиҷориро мебанданд


Яке аз бозорҳо дар водии Фарғона.
Яке аз бозорҳо дар водии Фарғона.

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон аз 24-уми март фаъолияти тамоми бозору фурӯшгоҳҳои масолеҳи ғайриғизоӣ, аз ҷумла сохтмонӣ, техникаҳои маишӣ ва мошин новобаста аз шакли моликияташон муваққатан қатъ карда мешавад.

Ба огаҳии шаҳрдории пойтахти Узбекистон, дар Тошканд танҳо бозорҳои деҳқонону фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ғизоӣ, дорухона, бемористон ва бунгоҳҳои тиббӣ ба фаъолияти худ идома хоҳанд дод.

Маконҳои ғизои умум танҳо ба шарте ҳаққи иҷозати фаъолият доранд, ки муштариёнро қабул накунанд ва ғизоро ба манзилу хонаҳои фармоишгарон дастрас намоянд.

Дар Узбекистон дар давоми як рӯзи ахир се ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус қайд шуда, шумораи умуми беморон ба 49 нафар расид.

Ҳолатҳои нав дар шаҳрвандоне ошкор шудааст, ки аз Русия ва Туркия баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG