Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек мурофиаи додгоҳии собиқ президент Отамбоев шурӯъ мешавад


Алмосбек Отамбоев ҳеҷ гоҳ иттиҳомоти тафтишотро эътироф накарда, онро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидааст. Акс аз тобистони соли 2019
Алмосбек Отамбоев ҳеҷ гоҳ иттиҳомоти тафтишотро эътироф накарда, онро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидааст. Акс аз тобистони соли 2019

Рӯзи 23 март дар Бишкек мурофиаи додгоҳии собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва 13 гумонбари дигар шурӯъ мешавад. Ин нафарон барои муқовимат ба ходимони полис дар соли гузашта дар як ихтилофи сари боздошти Отамбоев дар хонааш гумонбар мешаванд. Додгоҳи ноҳияи Якуми Маи шаҳри Бишкек қарор кард, ки мурофиа дар пушти дарҳои баста мегузарад. Алмосбек Отамбоев дар нақзи чанд моддаи Кодекси Ҷиноии Қирғизистон, аз ҷумла, барои дар соли 2003 аз зиндон озод кардани як раҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ гумонбар мешавад. Моҳи августи соли гузашта, баъди он ки ӯ се даъвати мақомоти тафтишотӣ барои ҳозир шудан ба вазорати умури дохилиро рад кард, намояндагони мақомот ба хонааш барои боздошти ӯ рафтанд, вале собиқ президент дар ҳавлиаш бо даҳҳо тарафдорон сангар гирифта давоми ду рӯз монеи вуруди мақомот ба хонааш шуданд ва ин муқовимат ба хушунат печид. Дар натиҷа, афсари амниятӣ Усенбек Ниёзбекови 47-сола кушта ва 170 нафар, аз ҷумла 79 ходими амниятӣ ҷароҳат бардоштанд. Отамбоев ва 13 нафари дигар дар куштор, сӯиқасд ба куштор, таҳдид ба ходими давлатӣ, гаравгонгирӣ ва ғасби қудрат аз роҳи зӯр гумонбар шуданд. Ҳамаи гумонбарон гуфтанд, ки бегуноҳ ҳастанд ва иттиҳомот зидди онҳо дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Панҷ гумонбари дигар ба ҳамкорӣ бо тафтишот розӣ шуданд ва мурофиаҳои онҳо ҷудогона барпо мешавад.

XS
SM
MD
LG