Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сомон Эйр" қисме аз мусофирони дармондаро аз Маскав меорад


Tajikistan -- Somon Air company's airplane, 17Oct2019
Tajikistan -- Somon Air company's airplane, 17Oct2019

Ширкати «Сомон Эйр» эълон кард, ки шоми имрӯз парвози махсусеро аз Душанбе ба фурудгоҳи Домодедовои Маскав анҷом медиҳад, вале аз Душанбе фақат шаҳрвандони Русияро ба ватанашон мебарад. Ширкат рӯзи 22-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ дар саҳифааш дар Фейсбук гуфт: “Аз шаҳри Маскав шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки билетҳои ширкати “Сомон Эйр”- ро харидаанд ба Душанбе интиқол медиҳад.”

Парвоз аз Душанбе соати 16 ва аз Маскав соати 19:30 сурат мегирад. Ширкати мазкур аз рӯзи 20-уми март бо дастури Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон парвозҳоро дар ҳама хатсайрҳои байналмилалӣ қатъ кард. Ҳадафи дастур ба гуфтаи ин идора ” пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон аст.”

Баъди қатъи ногаҳонии парвозҳо ба Тоҷикистон садҳо шаҳрванди кишвар дар берун дар фурудгоҳҳо дармонданд ва мақомотро барои чунин тасмими шитобкорона танқид карданд.

“Сомон Эйр” ҳамчунин гуфтааст, ки баъди қатъи парвозҳо, пули билети беш аз 8 ҳазору 700 нафарро бе ситонидани ҷарима баргардонидааст ва билетҳои дигарро бо дархости хоҳишмандон ба санаи дигар гузаронидааст. Ширкат эътироф кардааст, ки бо назардошти вазъи ба амаломада маҷбур шуд, аксарияти кормандонашро ба рухсатии бемузд бифристад.​

XS
SM
MD
LG