Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср дари масҷиду калисоҳоро барои ду ҳафта баст


Соҳилҳои Миср пеш аз сирояти вируси нав пуродам буд
Соҳилҳои Миср пеш аз сирояти вируси нав пуродам буд

Мақомоти Миср дастур додаанд, барои пешгирӣ аз густариши вируси нав тамоми масҷид ва калисоҳо дар кишвар муваққатан баста шаванд. Вазорати умури динӣ, ки назорати бештар аз 100 ҳазор масҷид масъулияти он аст, рӯзи 21-уми март бо нашри баёнияе гуфт, ки “қарор шуд, тамоми масҷидҳо” барои ду ҳафта баста шаванд.

Калисои масеҳиёни қибтӣ ҳам бо нашри изҳороте амр дод, ки тамоми калисоҳо то ду ҳафта баста бимонанд ва ибодатҳои дастаҷамъӣ баргузор нашаванд. Тақрибан 10 дар сади аҳолии 100 миллион нафарии Миср насронӣ ҳастанд. Мардуми Миср ҳукуматро танқид карданд, ки бо вуҷуди паҳн шудани Ковид-19 дар кишвар намозгузорӣ ва бахусус намози ҷумъаро манъ намекунад, ки дар онҳо мардуми зиёд ҷамъ меоянд.

Дар Миср то рӯзи 21-уми март 285 мавриди сирояти бемории навро сабт кардаанд, ки аз онҳо 8 нафар фавтидаанд. Вазорати саёҳии Миср ҳам эълон кард, ки тамоми осорхонаҳо ва маконҳои бостонии кишварро аз рӯзи 23-уми март то охири моҳ барои безараргардонӣ мебандад. Сайёҳӣ як манбаи муҳими даромади Миср аст ва солона миллионҳо хориҷи барои сайру саёҳат ба ин кишвари бостонӣ мераванд. Бо паҳн шудани коронавирус теъдоди саёҳон дар Миср фавқуллода кам шудааст.

XS
SM
MD
LG