Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 шаҳрванди Тоҷикистонро баъди бозгашт аз Тошканд бистарӣ карданд. ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон 16 шаҳрванди кишварро, ки дар ҳавопаймое ҳамроҳ бо як узбекистонии мубтало ба коронавирус буданд, дар бемористон ҷой кардаанд. Ин ҳавопаймо рӯзи 15-уми март аз Истанбул ба Тошканд парвоз кард.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 20-уми март бо пахши иттилоия гуфт, ин 16 нафар аввал аз Истанбул ба Тошканд ва сипас тавассути гузаргоҳи марзӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Ба иттилои ВКД, ҳамчунин як шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 14-уми март ба воситаи хатти сайри Шарҷа-Тошканд сафар кардааст, муайян шуда, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар бораи онки дар ҳавопаймои хатсайри Истанбул-Тошканд шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд нахуст Додситони кул Юсуф Раҳмон рӯзи 19-уми март дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ хабар дод. Аммо Юсуф Раҳмон теъдоди онҳоро на 16, балки 10 нафар гуфта буд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳамаи афроде, ки дар хатсайри Истанбул-Тошканд буданд, дар беморхонаҳои вилояти Суғд зери назорати пизишкон қарор доранд.

Дар Тоҷикистон то ба ҳол расман ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст, аммо тайи рӯзҳои гузашта мақомоти Узбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон аз чанд ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишварҳо хабар доданд.

Аз моҳи феврал то 18-уми март дар Тоҷикистон тақрибан 1900 нафаре, ки аз хориҷа баргаштаанд, зери назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Беш аз чаҳорсад нафари онҳо ҳанӯз дар бемористонҳо ҳастанд.

Рӯзи 20-уми март шумораи қурбониёни коронавирус аз 10 ҳазор нафар бештар шуд. Аврупо дар маркази ин беморист. Бино ба ҳисобҳо, теъдоди гирифторон ба вируси нав дар ҷаҳон ба тақрибан 250 ҳазор нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG