Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон онҳоеро меҷӯяд, ки бо узбекистонии мубтало ба вирус дар ҳавопаймо будаанд. ВИДЕО


Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, шаш шаҳрванди кишварро, ки рӯзи 15-уми март тавассути хатсайри Истанбул-Тошканд аз хориҷ ба ватан омаданд, субҳи панҷшанбе зери назорати пизишкон қарор додаанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 19-уми март дар иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон, гуфт, дар ин ҳавопаймо гирифтории як шаҳрванди Узбекистон ба коронавирус собит шудааст.

Ӯ афзуд, дар ҳавопаймо, дар маҷмуъ, даҳ шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доштаанд ва дар ҳоли ҳозир кӯшиш доранд, ҳувияти чаҳор тани дигарро муайян намуда, онҳоро низ бистарӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон то ба ҳол ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст, аммо тайи рӯзҳои гузашта мақомоти Узбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон аз чанд ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишварҳо хабар доданд.

Тоҷикистон онҳоеро меҷӯяд, ки бо узбекистонии мубтало ба вирус дар ҳавопаймо будаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00
XS
SM
MD
LG