Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи пойгоҳи Зобул 24 низомии афғон кушта шуд


Вазири дифои Афғонистон Асадулло Холид ба Толибон гуфт, ки рафъи ихтилофҳо барои бархӯрди баробар бо мардум дар заминаи муқобила бо коронавирус мусоидат мекунад
Вазири дифои Афғонистон Асадулло Холид ба Толибон гуфт, ки рафъи ихтилофҳо барои бархӯрди баробар бо мардум дар заминаи муқобила бо коронавирус мусоидат мекунад

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки бар асари як ҳамла дар дохили пойгоҳи низомии вилояти Зобули Афғонистон 24 ходими амниятии ин кишвар кушта шуданд. Раҳматулло Ярмал, волии Зобул гуфт, ки чанд нафар ба сӯи ҳамхидматони худ замоне, ки онҳо дар хоб буданд, оташ кушоданд. Ин яке аз хунинтарин ҳамлаҳо баъди созиши сулҳи ИМА ва Толибон аст, ки моҳи гузашта имзо шуд. Дар паи ин дар шаҳри Қалот, ки маркази вилояти Зобул мебошад, амалиёти ҷустуҷӯи омилон шурӯъ шуд. Отаҷон Ҳақбаён, раиси полиси вилояти Зобул гуфт, ки дар ҳамлаи имрӯза 14 узви артиш ва 10 ходими полис ҷон доданд. Ба гуфтаи Ҳақбаён, чор нафар нопадид ҳастанд. Ӯ гуфт, ки ҳамлагарон ба Толибон иртибот мегиранд.

Ин ҳодисаро Толибон ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Ҳодиса рӯзе баъди он рух дод, ки вазири дифои Афғонистон Асадулло Холид гуфт, Толибон бояд ба шартушурути созиш пойбанд ва дар муқобила бо паҳншавии коронавирус саҳмгузор шаванд. Вазири дифоъ инчунин рӯзи 19 март гуфт, азбаски созиши ахири Амрикову Толибон дар масъалаи раҳоии зиндониҳо дучори ихтилоф ва ба ҳамин хотир таҳти фишор аст, нирӯҳои ҳукуматӣ дар ҳолати “фаъоли дифоӣ” қарор доранд. Ӯ гуфт, ки рафъи ихтилофҳо барои бархӯрди баробар бо мардум дар заминаи муқобила бо коронавирус мусоидат мекунад.

Мақомоти беҳдошти Афғонистон гуфтанд, ки дар ин кишвар 22 ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва ҳеҷ ҳодисаи марг вуҷуд надорад. Аммо воқеият ин аст, ки дар кишваре бо 35 миллион аҳолӣ танҳо чанд ҳазор нафар мардум аз санҷиши тиббӣ гузаштаанду халос. Бар асоси омори Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар Эрони ҳамсоя беш аз 18 ҳазор нафар ба короновирус олуда шуда 1284 нафар ҷон додаанд. Изҳороти Холид як рӯз баъди он садо дод, ки ИМА аз Толибон ва ҳукумати Афғонистон даъват кард, ки озодкунии зиндониҳоро ҳарчи зудтар, аз ҷумла дар пешорӯи таҳдидҳои коронавирус суръат бахшанд.

XS
SM
MD
LG