Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Барои пешгирӣ аз "фоҷеа" вокуниши ҷаҳонӣ ва ҳамоҳангӣ лозим аст"


Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ.
Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз эҳтимоли ҷон бохтани миллионҳо нафар бинобар бемории коронавирус ҳушдор дода ва гуфтааст, кишварҳо ба ҷои мустақилона амал кардан, бояд фавран ба як стратегияи ягона ва ҳамоҳангу шаффоф рӯй оваранд. Аз ин қабл масъулони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хостори ҳамбастагии кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бо коронавирус шуда буданд.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 19-уми март гуфтааст, ҳамбастагии ҷаҳонӣ танҳо як масъалаи ахлоқӣ нест, балки таъминкунандаи манфиатҳои ҳама аст. "Агар бигузорем вирус монанди як сӯхтори аз контрол баромада паҳн шавад, ба вижа дар кишварҳо ва минтақаҳое, ки бештар дар рӯбарӯи таҳдид қарор доранд, миллионҳо нафар ҷони худро аз даст хоҳанд дод".

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзуд, бидуни як вокуниши якпорча наметавонад пеши ин "фоҷеа"-ро гирифт. "Бояд ҳамин ҳоло аз ин вазъияте, ки ҳар кишвар стратегияи тандурустии худашро пай бигирад, дурӣ кард ва роҳеро пайгирӣ намуд, ки ҳамоҳанг ва шаффоф бошад ва ба кишварҳое, ки барои муқобила бо он камтар омода ҳастанд, кӯмак намуд".

Вируси корона дар охирҳои соли гузашта дар Чин пайдо шуд. Ҳанӯз таҳқиқоти густурда ва дақиқе дар мавриди сабабҳо ва маркази оғози ошкор шудани вирус ироа нашудааст, аммо шаҳри Вуҳан дар вилояти Хубейи Чин, маркази аслии паҳншавии он гуфта мешавад.

Пас аз чаҳор моҳ, ин беморӣ ба як таҳдиди бузург дар кишварҳои аврупоӣ, Эрон, Ҷануб-Шарқи Осиё, Амрико ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон табдил шудааст. Мақомҳо ва ниҳодҳои байнамилалӣ пай дар пай дар мавриди паҳншавии корона дар кишварҳои ақибмонда -- кишварҳое, ки хадамоти тандурустии он чандон матлуб нест ва ё дар солҳои гузашта заъиф шудааст, ҳушдор додаанд.​

Дабири куллии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, "ҳимояти худ аз талошҳои чандҷонибаеро, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ раҳбарӣ мекунад, нишон диҳанд". Оқои Гутерриш ҳамчунин хостори ҳимоятҳои иқтисодӣ аз афроди табақаҳои нодор ва миёна, кормандон ва коркуноне, ки даромади камтар доранд, шудааст.

Рӯзҳои ахир бештари кишварҳои ҷаҳон марзҳои худро бастанд ва вуруди мусофирон ва шаҳрвандони дигар кишварҳоро манъ карданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG