Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия барои будубоши муҳоҷирон дар қаламраваш сабукӣ дод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Русия, бинобар хуруҷи коронавирус ва пеш омадани вазъи фавқулода, иҷозат дод, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламраваш дароз карда шавад.

Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 19-уми март хабар дод, ба шаҳрвандоне, ки бе виза вориди Русия шудаанд, иҷоза дода мешавад, будубошашонро дар қаламрави ин кишвар тамдид кунанд. Ҳатто агар муҳлати сабти иқомати онҳо ба анҷом расида бошад.

Дар изҳороти вазорат омадааст: "Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, бо назардошти вазъияти ба вуҷудомада вобаста ба хуруҷи коронавирус аз 19-уми марти соли 2020 шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд муҳлати будубоши муваққати худро дар қаламрави Федератсияи Русия тамдид кунанд”.

Вазорати умури дохилии Русия гуфтааст, муҳоҷирон бе убури марзи Русия метавонанд барои гирифтани патент муроҷиат кунанд ва онҳо барои нақзи муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд.

Ҳамчунон вазорат гуфтааст, пазириши дархостҳоро барои гирифтани иҷозаи кор дар Русия аз сар гирифтааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳақ доранд бе патент ё иҷозаи кор 90 рӯз дар Русия бошанд, бо тамом шудани ин муҳлат маҷбур буданд марзи Русияро гузашта, дубора вориди он шаванд ва будубоши худро қонунӣ кунанд. Аммо бинобар манъ шудани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба хоки Русия ин кор ғайримумкин шуд.

Мақомоти Русия мегӯянд, тақрибан як миллион аҳолии Тоҷикистон дар он кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон ин шумораро ҳудуди ним миллион нафар шумурдааст.

XS
SM
MD
LG