Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамраъйии зиндониҳои сиёсии Эрон ба гуруснанишинии Насрин Сутуда


Насрин Сутуда. Акс аз соли 2008
Насрин Сутуда. Акс аз соли 2008

Маркази ҳуқуқи башари Эрон гуфт, дастикам се фаъоли сиёсӣ дар зиндони Эвини Теҳрон ба гуруснанишинии фаъоли зиндонии ҳуқуқи башар Насрин Сутуда ҳамроҳ шуда, озодии ҳама зиндониёни сиёсиро тақозо карданд.

Насрин Сутуда баъди он гуруснанишинӣ эълон кард, ки мақомот бо нигаронӣ аз коронавирус 85 ҳазор зиндониро иҷоза доданд, ба хонаҳояшон баргарданд. То ҳол бар асари ин вирус 1135 сокини Эрон ҷон доданд. Маълум нест, ки мақомот кадом гурӯҳи зиндониҳоро муваққатан озод карданд.

Вале ҳамсари Насрин Сутуда – Ризо Хандон рӯзи 17-уми март ба Маркази ҳуқуқи башари Эрон гуфт, зиндониҳои виҷдон, аз ҷумла Ризвона Хонбегӣ, Ҳусейн Сарлак ва Муртазо Назарӣ ба нишони ҳамраъйӣ бо Сутуда аз истеъмоли ғизо даст кашиданд.

Эрон дар қиёс бо дигар кишварҳои Ховари Миёна аз коронавирус зарбаи шадидтар дид. Ҳоло 17361 нафар дар ин кишвар гирифтори вируси нав мебошанд.

Насрин Сутуда барандаи ҷоизаи озодии баёни ба номи Сахарови Порлумони Аврупо дар соли 2012, моҳи июни соли 2018 дар хонааш дар Теҳрон боздошт шуд. Ӯ барои ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониҳои сиёсӣ ва эътироз алайҳи ҳиҷоби ҳатмии занон дар Эрон ба 38,5 соли зиндон ва 148 шаллоқ маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG