Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кул гуфт, барои боздошти Кабирӣ бо кишварҳои аврупоӣ гуфтушунид доранд


Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки барои боздошт ва истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва аъзои дигар ин ҳизб, бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо гуфтушунид доранд.

Юсуф Раҳмон дар ин бора рӯзи 18-уми март дар иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, хабар дод, вале тафсилоти музокиротро ошкор накард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, аз баҳори соли 2015 ба ин сӯ дар хориҷ қарор дорад.

Вай рӯзи 19-уми март дар посух ба ҳарфҳои додситони кул гуфт, аз муроҷиат ва гуфтушунидҳои нави мақомоти Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дарак надорад ва аз ҷониби ин кишварҳо низ ҳеч муроҷиате нашудааст.

"Чанд сол қабл, баъд аз муроҷиати Додситонии кулли Тоҷикистон барои истирдоди ман, мақомоти кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳудуди 7 моҳ парвандаеро, ки мақомот нисбат ба ман боз кардаанд, мавриди омӯзиш қарор доданд. Дархости Тоҷикистонро ҳамаҷониба омӯхтанд, баъд посухи рад дода буданд", - гуфт ӯ.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2018 Муҳиддин Кабириро ғоибона ба "муддати тӯлонии зиндон" маҳкум кард. Мақомот ӯро ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, куштор, исёни мусаллаҳона ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор донистанд.

Фаъолияти ҳизби зери раҳбарии ӯ низ панҷ сол пеш бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ эълон шуда, даҳҳо узви он боздошту зиндонӣ гардидаанд. Мақомот раҳбарони ҳизбро ба ташкили, ба гуфтаи онҳо, ошӯби моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор мекунанд.

Вале раҳбарияти ҲНИТ дар хориҷа қарори додгоҳ ва айбҳои эълонкардаи мақомотро маҳкум карда, дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд. Ҳамчунин онҳо мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон танҳо ба хотири аз саҳнаи сиёсии кишвар дур кардани ин ҳизби умдаи мухолиф фаъолияти онро манъ ва террористӣ эълон кардаанд.

XS
SM
MD
LG