Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сомон Эйр" аз коҳиши парвозҳо ба Русия хабар дод


Ҳавопаймои "Сомон Эйр".

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон хабар дод, ки парвозҳои ҳавопаймоҳояшро ба Русия кам кардааст. Русия аз рӯзи 18-уми март вуруди хориҷиёнро ба ин кишвар маҳдуд намуд. "Сомон Эйр" мегӯяд, ин маҳдудиятҳо то 1-уми май идома мекунад.

Ширкати "Сомон Эйр" мегӯяд, ба хатсайрҳои баргашт ба Тоҷикистон ғайр аз афроде, ки аз Чин, Эрон, Афғонистон, Италия ва Кореяи Ҷанубӣ омадаанд ва ё давоми 14 рӯзи ахир ба ин кишварҳо сафар доштанд, иҷозаи парвоз доранд.

Дар баёнияи ширкати "Сомон Эйр" ҳамзамон гуфта мешавад, ки бо қарори Сардухтури санитарии Тоҷикистон, ба ҳадафи пешгирии хатари воридшавӣ ва паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, афроде, ки мустақим ва ё бо тариқи транизитӣ аз Олмон, Фаронса, Испания, Швейтсария, Шветсия, Бритониё, Норвегия, Нидерландия, Белгия, Дания ва ИМА ба Тоҷикистон меоянд, 14 рӯз дар карантин нигоҳ дошта мешаванд.

"Сомон Эйр" маҳдудиятҳои ҷоришуда дар парвозҳоро чораҳои муваққатӣ гуфта ва эълон кардааст, ки маблағи билети мусофирон баргардонида мешавад.

Ба гуфтаи масъулони "Сомон Эйр", агар ин мусофирон хоҳиш дошта бошанд, чиптаҳои онҳо ба мӯҳлати баъдӣ гузаронида мешавад.

Қабл аз ин "Сомон Эйр" парвозҳои худро ба самти Деҳлӣ, Урумчӣ, Дубай, Тошканд, Алмато ва Франкфурт қатъ карда буд.

XS
SM
MD
LG