Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 нафар дар садамаи Шаҳристон


Акс аз вебсайти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Акс аз вебсайти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.

Бар асари як садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, шаш тан ба ҳалокат расиданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодиса баъд аз зӯҳри 17-уми март дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон рух додааст. Ба иттилои манбаъ, як худрави "Опел-Зафира" бо мошини боркаши "Дулан" бармехӯрад ва дар натиҷа ронанда ва панҷ мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Қурбониёни ин ҳодиса аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон будаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯянд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои садамаро таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG