Дар Қирғизистон нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, се нафар, ки ахиран аз Арабистони Саудӣ баргашта буданд, ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
Космосбек Чолпонбоев, вазири тандурустии Қирғизистон рӯзи 18-уми март дар нишасти ситоди ҳукуматии пешгирӣ ва мубориза бо сирояти коронавирус гуфтааст, ки ин афрод рӯзи 12-уми март аз Арабистони Саудӣ баргашта буданд ва шаби гузашта натиҷаҳои озмоиш нишон дод, ки онҳо ба ин беморӣ гирифтор ҳастанд. Ба гуфтаи Вазири тандурустии Қирғизистон, ин афрод дар ҳоли ҳозир зери назари табибон қарор доранд.
Дар Узбекистон ва Қазоқистон - ду кишвари дигари Осиёи Миёна низ ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ва Туркманистон мегӯянд, ки то ба ҳол дар ин кишварҳо мавридҳои гирифторӣ ба ин вирус қайд нашудааст.