Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беморони аз карантин фироркардаро дубора дар беморхонаи Маскав ҷо доданд


Назди беморхонаи Коммунарка дар минтақаи Маскави Нав
Назди беморхонаи Коммунарка дар минтақаи Маскави Нав

Мақомоти Маскав гуфтанд, ки тамоми беморони аз карантин фироркарда дар деҳаи Коммунаркаи Маскавро пайдо ва ба беморхона интиқол доданд. Анастасия Ракова, муовини шаҳрдорӣ бо нашри ин хабар нагуфт, ки сухан дар бораи чанд бемори фирорӣ меравад.

Қаблан ситоди изтирорӣ хабар дод, ки дар беморхонаи Коммунарка 312 нафар қарор доранд ва 17 нафари онҳо гирифтори коронавирус шудаанд. Илова ба онҳо, дар ҳамин беморхона афроде нигаҳдорӣ мешуданд, ки баъди бозгашт аз кишварҳое бо хуруҷи коронавирус бо карантини 14-рӯза фаро гирифта шуданд.

Матбуот гуфт, ки рӯзи 16 март бо ёрии полис зани олуда ба коронавирус пайдо ва ба беморхона баргардонида шуд. Барои нақзи қоидаи карантин ба ин зан ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид мекунад.

Дар Русия шумори олудашудаҳо ба вируси нав 93 нафарро ташкил медиҳад ва аксари онҳо дар Маскав ба қайд гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG