Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон шумори мубталоён ба коронавирус ба 27 нафар расид


Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов.
Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов.

Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов гуфт, дар шаҳри Нурсултон, пойтахти ин кишвар 14 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор карда шудааст.

"Ин афрод ба карантин гирифта шуда, натиҷаи озмоиш мусбат аст. Шахсияти ҳамаи онҳое, ки бо ин 14 кас тамос доштанд муайян шуда, карантин гирифтани онҳо низ ҷараён дорад",-изҳор дошт вазири тандурустии Қазоқистон дар як нишасти хабарӣ.

Пештар вазорати тандурустии Қазоқистон дар бораи гирифтории се нафар, бо шумули як кӯдак ба коронавирус хабар дода буд, ки моҳи равон аз хориҷ ба Алмато омада буданд.

Дар ҳоли ҳозир бо назардошти ин арқом дар Қазоқистон 27 кас, 11 нафар дар Алмато ва 16 одам дар Нурсултон ба вируси нав мубтало шудаанд.

Қазоқистон аз 16-уми март вазъи изтирорӣ эълом, фаъолияти марказҳои тиҷориву фурӯшгоҳҳои бузургро маҳдуд, баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва вуруду берун рафтан аз ин кишварро манъ кард. Мулоқоти ҳукуматӣ ва нишастҳои хабарӣ онлайнӣ баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG