Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ҷаласаи ҳайати нави маҷлис баргузор мешавад


Ҷаласаи парлумони пешин

Дар Душанбе ҷаласаи аввалини ҳайати нави парлумони Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар интихоботи рӯзи 1 март ба узвияташ аксар аъзои ҳизби ҳокими халқии демократӣ - раҳбараш президент Эмомалӣ Раҳмон - шомил шуданд. Интихоботҳои Тоҷикистон дар гузашта ҳеҷ гоҳ ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ эътироф нашудаву бо ҳамин сабаб имсол бо ҳузури гурӯҳи маҳдуди коршиносони САҲА баргузор шуд. Ҳизби мухолифи ҳукумат Сотсиал-демократӣ ба раҳбарии Раҳматулло Зоиров натавонист вориди парлумон шавад.

Рӯзи 17 март дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон қарор аст раиси нави маҷлис интихоб шавад.

Ҷаласаи аввал бо ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ва бидуни ширкати расонаву матбуоти ғайридавлатӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG