Маҳмадтоҳир Зокирзода, номзади Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон аз минтақаи Рашт, рӯзи 17-уми март ва дар ҷаласаи ҳайати нави порлумон раиси Маҷлиси Намояндагон интихоб шуд. Ҳанӯз аз замони пешбарии номзадияш дар интихобот, коршиносон ҳадс мезаданд, ки маҳз ӯ раиси палатаи поёнии порлумон хоҳад шуд. Ин курсиро дар даврҳои қаблии порлумон Сафаралӣ Раҷабов, Саъдулло Хайруллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, намояндагони минтақаи Рашт дар ихтиёр доштанд.
Дар иҷлосияи рӯзи сешанбе Маҳмадалӣ Ватанзода, Қодири Қосим ва Дилрабо Мансурӣ муовинони раиси Маҷлиси Намояндагон интихоб шудаанд.
Маҳмадтоҳир Зокирзода то замони пешбариаш ба унвони номзад ба вакили порлумони Тоҷикистон, дар мақоми муовини нахуствазир кор мекард. Аз он пештар дар мақоми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ буд.
Пас аз пешбарии номзадии Маҳмадтоҳир Зокирзода аз ҳавзаи Рашт, маҳофили коршиносӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон мегуфтанд, ки ба раёсати порлумони оянда маҳз ӯро бар хоҳанд гузид. Далел аз водии Рашт будани ӯ ва интихоб шудани раиси порлумони Тоҷикистон одатан аз миёни намояндагони шарқи кишвар гуфта мешуд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ин анъана роиҷ аст, ки се раҳбари аввали кишвар аз се минтақаи кишвар интисоб мешаванд. Ҳоло раисҷумҳур аз ҷануб, сарвазир аз шимол ва раиси порлумон аз манотиқи шарқи кишвар намояндагӣ мекунад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 63 курсӣ дорад, 20 сол пеш таъсис шудааст.
Интихобот барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 1-уми март баргузор шуд. Ин нахустин интихоботе буд, ки баъди ғайриқонунӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 ва бе ҳузури ин ҳизби умдаи мухолифи давлат сурат гирифт.
Барои дарёфти курсиҳои палатаи поёнии порлумон беш аз 230 нафар номзад шуда буданд. Намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ, кишоварзӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, демократӣ, сотсиалистӣ ва коммунист аз рӯйи феҳрасти ҳизбӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ ба порлумон роҳ ёфтанд.
Ягона нирӯи мухолиф дар ин интихобот, ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки бо панҷ номзад аз рӯйхати ҳизбӣ вориди корзор шуда буд, бо тақрибан ним дарсади раъйи мардум ба марра нарасид. Ҳизбҳои сиёсӣ барои ворид шудан ба порлумон бояд панҷ дарсади раъйи интихобкунандаҳоро ба даст оранд.
Аз ин пеш нозирони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, як созмони зери назорати Чин, рӯзи дувуми март гуфтанд, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон "демократӣ буд".
Аммо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки як ҳайати хурди нозиронро ба Тоҷикистон фиристода буд, ҳанӯз дар бораи интихобот изҳороте надодааст.
То кунун кишвару созмонҳои ғарбӣ ба интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон баҳои мусбат надода, онро пайваста олуда ба тақаллуб ва ношаффофу ғайридемократӣ хондаанд.