Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дарсади қарзҳои бонкиро қариб ба сифр баробар кард


Ҷером Пауэл, намояндаи низоми захираи федеролии Амрико
Ҷером Пауэл, намояндаи низоми захираи федеролии Амрико

Низоми захираи федеролии Амрико сатҳи қарзҳои асосиро ба 0 - 0,25 дарсад расонидаст. Ба ин тартиб, мақомоти амрикоӣ мехоҳанд, зарареро коҳиш диҳанд, ки иқтисоди Амрико аз вируси корона хоҳад дид.

Пойин овардани сатҳи қарзҳо то 0 дарсад маънои фаро расидани қарзҳои камфоизро дорад. Дар чунин шароит бонкҳо барои рушди тиҷорат ва бозсармоягузории қарзҳои мавҷуд имкон пайдо мекунанд.

Ба иттилои хабаргузориҳо, фоизҳо дар чунин сатҳ то замоне хоҳанд монд, ки ба гуфтаи мақомоти молии ИМА, "иқтисоди он кишвар аз ҳодисаҳои ҳозира берун ояд".

Ин тадбир имкон медиҳад, ки захираи коғазҳои қиматбаҳои Бонки марказии Амрико 700 миллиард доллар афзоиш ёбад. Тасмими ахир чунин маъно дорад, ки давлат саҳмияҳои аз қимат уфтодаро аз сармоягузорон мехарад ва ба ин тартиб, иҷозат намедиҳад, ки саҳмияҳо беқурб шаванд.

Дар саросари дунё беш аз 162 ҳазор кас мубталои вируси корона шуда, 6446 тани дигар фавтидаанд. Ҳамчунин 75,5 ҳазор шифо ёфтаанд. Дар бештари кишварҳо муассисаҳои таълимиву истеҳсолӣ ё баста шудаанд ё фаъолияташон маҳдуд шудааст. Аммо ширкатҳо маҷбуранд, ки маоши кормандонро пардозанд ва дигар пардохтҳоро анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG