Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Италия дар як рӯз 368 тан аз коронавирус ҷон бохтанд


Яке аз бемористонҳои Италия, 13 март, 2020.
Яке аз бемористонҳои Италия, 13 март, 2020.

Рӯзи якшанбеи 15-уми март бар асари бемории корона дар Италия 368 кас ҷон бохтанд. Ба ин тартиб, шумораи қурбониёни ин беморӣ дар Италия ба 1809 тан расид. Тибқи гузоришҳо, шумораи гирифторон ба корона дар Италия аз 21 ҳазору 157 нафар дар рӯзи шанбе ба 24 ҳазору 747 тан дар рӯзи якшанбе расидааст. Италия дар ҳоли ҳозир аз ҷиҳати шумораи қурбониёни бемории корона баъд аз Чин дар ҷойи дувум қарор дорад.

Шумораи гирифторон ба корона дар Амрико низ рӯзи якшанбе афзоиш ёфт ва ба ҳудуди се ҳазор ва шумораи қурбониён ҳам ба 62 тан расид. Дар ҳоли ҳозир шумораи гирифторон ба ин беморӣ дар саросари ҷаҳон беш аз 156 ҳазор нафар ва теъдоди қурбониён низ бештар аз 6 ҳазор танро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG