Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед гуфт, Трамп ба вируси нав мубтало нашудааст


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико. 13-уми марти 2020
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико. 13-уми марти 2020

Шон Конли, пизишки Кохи Сафед, мегӯяд, ки президент Доналд Трамп ба коронавирус мубтало нашудааст. Вай рӯзи 14-уми март дар баёнияе гуфт, "натиҷаи ташхис манфӣ буд".

Конли афзуд, баъд аз як ҳафтае ки президент Трамп дар истироҳатгоҳи худ дар Флорида мизбони раиси ҷумҳури Бразилия ва ҳайати ҳамроҳи ӯ буд, аломати ин беморӣ дар вай дида намешавад.

Пеш аз ин Кохи Сафед гуфта буд, ҳарчанд раиси ҷумҳур бо се нафаре дар тамос буд, ки дертар вуҷуди коронавирус дар бадани онҳо тасдиқ шуд, далеле барои муоинаи вай вуҷуд надорад.

Доналд Трампи 73-сола барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси хатарноки КОВИД-19, рӯзи ҷумъаи гузашта дар Амрико ҳолати изтирорӣ ё вазъияти фавқулода эълон кард.

То кунун дар Амрико 59 нафар бар асари гирифтор шудан ба коронавирус фавтидаанд. Шумораи гирифторон ба ин вирус дар Амрико ба 2 ҳазору 749 нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG