Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба дипломатҳои хориҷӣ аз тадбирҳои зидди коронавирус дар Тоҷикистон маълумот доданд


Акси мулоқоти мақомоти тоҷик бо дипломатҳои хориҷӣ аз вебсайти вазорати хориҷаи Тоҷикистон
Акси мулоқоти мақомоти тоҷик бо дипломатҳои хориҷӣ аз вебсайти вазорати хориҷаи Тоҷикистон

Дар як мулоқот бо дипломатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии фаъол дар Тоҷикистон мақомоти ин кишвар вазъи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирусро шарҳ доданд. Вебсайти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 14 март хабар дод, ки дар брифинг рӯзи ҷумъа дипломатҳои хориҷӣ дар бораи тадбирҳои мақомоти тоҷик зидди коронавирус огоҳонида шуданд.

Тоҷикистон мегӯяд, дар ин кишвар то ҳол ҳеҷ ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар брифинги дипломатҳои хориҷӣ масъулони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ, Беморхонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон иштирок карданд.

Дар изҳороти вазорат омадааст, шаҳрвандоне, ки дар давоми 13 рӯзи ахир дар Чин, Ҷумҳурии Корея, Итолиё, Эрон, Афғонистон ва Ҷопон қарор доштанд ба Тоҷикистон омаданд, ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, аз 1 феврал то 14 март дар ин кишвар 1603 нафар дар робита бо таҳдиди коронавирус бо карантин фаро гирифта шуданд ва аз инҳо 1280 нафарашон ба хонаҳояшон баргаштанд. 323 нафарашон ҳамоно дар беморхонаҳои сироятӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG