Матбуоти ғарбӣ хабар дод, ки болои пойгоҳи нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ дар шимоли Бағдод мушак партоб шуд. Ҳамлаи 14 март болои Кампи Тоҷӣ дар ҳоле рух дод, ки чанд рӯз пеш дар айни чунин ҳамла се нафар, аз ҷумла як сарбози бритониёӣ ва ду амрикоӣ кушта шуданд. Хабаргузории АР аз қавли мақомоти ироқӣ гуфт, ки ба пойгоҳ даҳҳо мушак партоб шуд ва бархе аз онҳо ба қароргоҳи эътилоф ва дигарҳо ба макони истиқрори нирӯҳои ироқӣ асобат кард.
Ҳанӯз иттилое дар заминаи хисороти эҳтимолӣ дар даст нест.
Ҳамлаи мушакии рӯзи 11 март аз моҳи декабр ба ин сӯ пуршиддаттарин ба шумор меравад. Дар ин ҳамла як низомии қарордодии амрикоӣ кушта шуд ва чанд ҳодисаи интиқомгирӣ ҳам дар пай дошт. Дар посух ба он ИМА рӯзи 13 март силсилаи ҳамлаҳои мушакиро болои пойгоҳҳои ҷангҷӯён дар ҷануби Ироқ ба роҳ монд ва дар ин ҳодисаҳо панҷ узви нирӯҳои амниятии Ироқ ва як мулкӣ кушта шуданд.
Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, маконе, ки онҳо ҳадаф қарор доданд, аз ҷониби ҷангҷӯёни шиамазҳаби Ҳизбуллоҳ истифода мешаванд ва Эрон аз онҳо пуштибонӣ мекунад.