Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Чин ИМА-ро дар паҳнкунии коронавирус муттаҳам кард


Раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин 10 март аз минтақаи Вуҳан дидан кард
Раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин 10 март аз минтақаи Вуҳан дидан кард

Намояндаи вазорати корҳои хориҷии Чин Чжао Литзян тахмин кард, ки коронавирус, ки омили пайдоиши инфексияи Ковид-19 мешавад, ба шаҳри чинии Вуҳан метавонист аз ҷониби низомиёни амрикоӣ ворид шавад. Дар саҳифааш дар Твиттер ӯ ба изҳороти интиқодии мушовири президенти ИМА Роберт О’Брайен вокуниш кард, ки Чинро дар вокуниши заъиф ба хуруҷи вирус ва адами шаффофият дар заминаи муқобила бо он гунаҳгор кард. О’Брайен тахмин кард, ки таъхири Чин “ду моҳи ҷаҳониёнро гирифт”, дар ҳоле, ки ин мӯҳлат барои омода шудан ба эпидемия лозим буд.

Нахустин ҳодисаҳои пайдоиши илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш дар Вуҳани Чин моҳи декабри соли 2019 ошкор шуд, вале Чин танҳо 20 январ дар бораи эпидемия вируси нав дар ин кишвар хабар дод.

Чжао Литзян навишт, ки ба ИМА дар робита бо ин вирус чанд суол мавҷуд аст, аз ҷумла ин ки оё аввал шуда аз миёни шаҳрвандони ин кишвар кӣ гирифтори вирус шуд, дар ИМА шумори куллии беморон чанд нафар ҳастанд ва дар куҷо табобат мешаванд. Ӯ навишт: “Шояд эпидемияро ба Вуҳан артиши Амрико бурдааст?”.

Вебсайти “Садои Амрико” навишт, як намояндаи дигари вазорати хориҷаи Чин Чжао Гэн Шуан ИМА-ро барои изҳори назарҳои, ба гуфтааш, “ғайриахлоқиву бемасъулиятона” гунаҳгор кард. Ӯ гуфт, маҳз талошҳои Чин имкони омода шудани ҷаҳон ба эпидемияро фароҳам кард.

То миёнаҳои моҳи феврал аксари кулли ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус ва паҳншавии он дар Чин мушоҳида мешуд. Вале баъди ин вирус босуръат дар нуқоти дигари ҷаҳон доман паҳн кард. Ҳоло аксари кулли ҳодисаҳои нави олудагӣ дар хориҷ аз Чин ба қайд гирифта мешаванд. Дар шабонарӯзи 12 ба 13 март 8 ҳазор ҳодисаи нави гирифторӣ ба вирус ба қайд гирифта шуд. Аз инҳо беш аз 2500 ҳодиса дар Италия, беш аз 1000 маврид дар Эрон ва садҳо ҳодисаи нав дар Фаронса, Испания, Олмон ва дигар давлатҳои аврупоӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ИМА беш аз 1700 бемор ва 41 ҳодисаи марг бар асари корнавирус ба қайд гирифта шудааст.

Дар кишварҳои мухталиф тадбирҳои шадиди муқобила бо коронавирус рӯи даст гирифта шудааст. Президенти ИМА Доналд Трамп ба шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо сафар ба ИМА-ро маҳдуд кард. Дар чанд кишвари аврупоӣ, аз ҷумла, дар Чехия, Эстония, Латвия ва дигарҳо ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шудааст. Шадидтарин маҳдудият дар Италия амал мекунад.

Дар бисёр кишварҳо мактабу донишгоҳҳо, маъракаҳои ҷамъиятии серодам бекор карда шудаанд. Бархе кишварҳои аврупоӣ вуруди хориҷиҳоро ба кишварҳояшон манъ кардаанд.

Дар ИМА ҳам муассисаҳои азими ҳунарӣ, мисли театрҳои Бродвей, намоишномаҳои худро лағв мекунанд.

Дар Русия мақомот дар бораи 34 ҳодисаи гирифторӣ ба вирус хабар доданд.

XS
SM
MD
LG