Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши парвозҳо аз Тоҷикистон. Сафар ба Аврупо ҳам маҳдуд шуд


Акс аз соли 2013, фурудгоҳи Отатурки Истамбул
Акс аз соли 2013, фурудгоҳи Отатурки Истамбул

Паҳншавии босуръати коронавирус дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ва ба “маркази коронавирус” табдил шудани Аврупо, ҷадвали парвозҳои бисёр ширкатҳои ҳавопаймоиро таҳрир кард ва боиси коҳиши шумори мусофирон шуд. Аз ҷумла, ширкати ҳавоии “Turkish Airlines” шумори парвозҳояш ба Душанберо як адад коҳиш дода ҳамакнун ҳафтае ду бор дар самти Душанбе-Истамбул парвоз анҷом медиҳад. Истамбул нуқтаи муҳими транзитӣ барои сафар ба нуқоти дигари ҷаҳон мебошад ва мусофирон аз Тоҷикистон аз ин самт зиёд истифода мекунад.

Ширкати туркӣ субҳи 14 март ба шариконаш огаҳӣ паҳн карда хабар дод, ки дар таърихи 14 март то 17 апрел парвозҳо ба самти чандин кишвари аврупоиро боз медорад. Дар номае ба унвонии ширкатҳои билетфурӯш дар Душанбе хабар дода шудааст, ки парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Олмон, Фаронса, Испания, Норвегия, Дания, Белгия, Шветсия, Австрия ва Нидерланди боздошта мешавад. Рӯзи 13 март Созмони ҷаҳонии беҳдошт Аврупоро “маркази нави коронавирус” номид ва гуфт, ки ин қора ҳоло эпидемияи коронавирусро шоҳид мешавад.

Масъулини ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” мегӯянд, ки парвозҳои ҳавопаймоҳо ба самти Ҳинд, Олмон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошта шуданд. Аз ҷумла, Ҳинд гуфтааст, ки аз 16 март масъулини соҳаи ҳавонавардии ин кишвар дар заминаи додани виза маҳдудият ҷорӣ мекунанд. Намояндаи ширкат рӯзи 14 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шурӯъ аз имрӯз парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Франкфурт ва аз 23 март парвозҳои Душанбе-Дубай муваққатан боздошта мешаванд. Сабаби ин тасмим дар коҳиши шумори мусофирон мебошад.

Хабаргузории “Азия Плюс” гуфт, ширкати Fly Dubai ҳам то охири моҳи май шумори парвозҳоро то ду бор дар ҳафта коҳиш дода, «Эйр Астана» на парвозҳояшро аз Душанбе дар таърихи 16 то 24 март қатъ кард.

XS
SM
MD
LG