Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Беларус нафтро бо қимати “рақобатпазир” пешниҳод мекунад


Майк Помпео дар нишасти матбуотии рӯзи 11 март дар Департаменти давлатӣ
Майк Помпео дар нишасти матбуотии рӯзи 11 март дар Департаменти давлатӣ

Департаменти давлатии ИМА “изҳори хоҳиш кард, ки ширкатҳои амрикоӣ билофосила бо қимати рақобатпазири бозорӣ ба Беларус нафт фурӯшанд”. Ин як аломати рӯшан ба Минск ва ҳамсояаш Русия аст, ки Вашингтон хостори тавсеаи тиҷорат бо ин ҷумҳурии собиқи шӯравӣ мебошад. Сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 13 март гуфт, ки котиби давлатӣ Майк Помпео дар сӯҳбати телефониаш бо вазири хориҷаи Беларус Владимир Макей ба “пуштибонии ИМА аз истиқлолияти Беларус таъкид карда” дар ин сӯҳбат “роҳҳои имконбахши тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба”-ро баррасӣ кардааст. Изҳороти мазкур тақрибан як моҳ баъди сафари Помпео ба Беларус садо дод, ки дар ҷараёни он ӯ гуфт, ИМА дар фикри эҷоди робитаҳои наздиктар бо Минск буд, вале ҳеҷ зарурате барои интихоби миёни Беларус ва Русия вуҷуд надошт. Давоми даҳсолаҳо Беларус дар ҳолати вобастагӣ аз нафти арзону гази Русия ва ҳам маблағҳои зиёд қарор дорад, чун иқтисодаш ҳамоно бештар аз ҷониби давлат назорат мешавад. Вале баҳси нархи нафт бо Маскав ба як мавзӯи бисёр доғи моҳҳои охир ва мояи ихтилофҳои ҷиддии миёни Минску Маскав шудааст.

XS
SM
MD
LG