Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танишҳо баъди ҳамлаҳои ИМА ба ҷангҷӯён дар Ироқ зиёд шуд


Мақомоти Ироқ гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои ҳавоӣ фурудгоҳи мулкии наве дар Карбало, ки дар ҳоли сохтмон қарор дошт, осеб дид
Мақомоти Ироқ гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои ҳавоӣ фурудгоҳи мулкии наве дар Карбало, ки дар ҳоли сохтмон қарор дошт, осеб дид

ИМА гуфт, ки бар зидди ҷангҷӯёне, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешаванд, барои ҳамлаҳои маргбори як рӯз пешашон болои нирӯҳои ғарбӣ дар Ироқ ҳамлаҳои мушакии ҷавобӣ анҷом дод. Низомиёни амрикоӣ рӯзи 12 март гуфтанд, ки дар саросари Ироқ ба захирагоҳҳои аслиҳаи ҷангҷӯёни ниманизомии шиамазҳаби Ҳизбуллоҳ “зарбаҳои дақиқ” заданд.

Дар изҳорот омадааст, ки ҳамлаҳо “дифоӣ, мутаносиб ва посухгӯи мустақими ҳамлаҳое буданд, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ҷангҷӯёни шиамазҳаби мавриди ҳимояти Эрон” анҷом гирифтанд. Як мақоми амрикоӣ ба оҷонсии AP гуфт, ки ин як амалиёти муштараки Амрикову Бритониё буд. Аз ин пеш вазири дифои ИМА Майк Эспер ҷангҷӯёни шиамазҳаби ҳимоятшаванда аз ҷониби Эронро дар ҳамлаи рӯзи 11 март ба пойгоҳи низомии Кампи Тоҷӣ айбдор кард.

Президенти Ироқ Баҳром Солеҳ рӯзи 13 март ҳамлаҳои амрикоиҳоро маҳкум кард ва ҳушдор дод, ки ин кишвар “бетартиб” ва ба як “давлати ноком” табдил мешавад. Вазорати хориҷаи Ироқ гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо панҷ узви нирӯҳои амниятӣ ва як мулкӣ кушта шуданд.

Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфт, Трамп бар ивази “амалҳои хатарнок ва иттиҳомоти бепоя” бояд “ҳузур ва рафтори нирӯҳояш дар минтақаро бозбинӣ кунад”.

XS
SM
MD
LG