Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозанӣ дар Петербург: тоҷикҳо набуданд


Гурӯҳе аз муҳоҷирон дар Санкт-Петербург. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти тоҷик дар Русия мегӯянд, хабарҳо дар бораи он ки гӯё дар як занозании гурӯҳӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ширкат доштанд, асос надорад. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия рӯзи 13 март ба Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши хабар нишон дод, ки моҷаро дар миёни шаҳрвандони Узбекистон ва зодаҳои Доғистон – як ҷумҳурии Қафқози Шимолии Русия сар зад. Ба навиштаи бархе нашрияҳои русӣ, задухӯрди гурӯҳӣ шоми дирӯз дар шаҳри Санкт-Петербург дар назди маркази тиҷоратии “Галерея” сар зад. Манобеи мухталиф шумори ширкатдорони моҷароро 15 нафар мегӯянд, зоҳиран як ҷавони 22-сола ба бемористон афтодааст.

Полиси ноҳияи Марказии шаҳри Санкт-Петербург таҳқиқи ҳодисаро шурӯъ кардааст. Русия ва бахусус шаҳрҳои калонтарини он макони аслии кору даромади муҳоҷирон ҳам аз манотиқи худи Русия ва ҳам ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ мебошанд. Муносибати аҳолии маҳаллӣ, полис ва матбуот нисбат ба корҷӯёни омада, ки барои кор дар бахшҳои барои русиягиҳо начандон ҷолиби мисли сохтмону тиҷорат омода ҳастанд, якранг нест. Ҳолатҳои дар бисёр моҷароҳо бидуни санҷиш гунаҳгор кардани шаҳрвандони як кишвар зиёд рух медиҳад. Худи муҳоҷирон ва таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бо сабаби поинравии нишондодҳои иқтисодӣ шароити кору даромад дар Русия ҳам барои сокинони маҳаллӣ ва ҳам муҳоҷирони корӣ сахттар мешавад.

XS
SM
MD
LG