Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ мехоҳад, бо нархи арзон ба Аврупо нафт содир кунад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Арабистони Саудӣ тасмим дорад, нафти "Arab Light"-ро бо арзиши 25 доллар барои як бушка ба Аврупо содир кунад.

Ба гуфтаи манбаъҳои "Bloomberg", 25 доллар нархи як бушка нафт назар ба арзиши нафти русии "Urals" хеле поин аст. Агар Русия нархи нафти Urals-ро поин набарад, бозорро аз даст хоҳад дод.

Ширкати давлатии нафти "Saudi Aramco" ба ширкатҳои маъруфи нафти Аврупо, аз ҷумла "Royal Dutch Shell"-и ҳолландӣ-бритониёӣ, "Total"-и фаронсавӣ, "Repsol"-и испониёӣ, CEPSA бо тахфифи бузург ва дар ҳаҷми калон нафт пешниҳод кардааст.

Арабистони Саудӣ пас аз гуфтугӯҳои нокоми кишварҳои ОПЕК+, ки Русия аз тасмими коҳиши истихроҷи нафт ҷонибдорӣ накард, гуфт, истихроҷи рӯзонаи нафтро то ба 1 миллион бушка афзоиш медиҳад. Баъди ин хабар нархи нафт поин рафт. Дар ҳоли ҳозир як бушка нафти Brent $33,5 ва нафти русии Urals $32,25 арзиш дорад.

Дар пайи арзон шудани нафт қурби доллару евро дар баробари пули кишварҳое, ки аз нафт вобастагӣ доранд, якбора боло рафт. Қурби доллар дар Русия 12 март то ба 74 рубл расид, ки баъди соли 2016 баландтарин нишондод аст.

XS
SM
MD
LG