Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини амнияти Лукашенко иқрор кард, ки пора гирифтааст


Президенти Беларус Александр Лукашенко
Президенти Беларус Александр Лукашенко

Андрей Утсюрин, раиси собиқи амнияти президенти Беларус Александр Лукашенко, рӯзи 11-уми март дар қатори беш аз даҳ нафар дар додгоҳ эътироф кард, ки "пора" гирифтааст.

Утсюрин ва гумонбарони дигар, аз ҷумла, кормандони идораҳои давлатӣ, ниҳодҳои молӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ аз рӯзи 10-уми март ба ин сӯ дар додгоҳ посух медиҳанд.

Вай дар моҳи апрели соли гузашта боздошт шуд. Ӯро ба гирифтани 190 ҳазор доллар ришва ва ҳам ба порадиҳӣ водор кардани дигарон ҳангоми харидани фанновариҳо дар доираи созишномаҳои давлатӣ айбдор медонанд.

Утсюрин 49 сол дошта, зодаи Русия мебошад ва солҳои 2007-2014 раҳбарии бахши амнияти президенти Беларусро ба ӯҳда дошт. Замони боздошт муовини дабири Шӯрои амният буд.

XS
SM
MD
LG