Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Том Ҳенкс ва ҳамсараш ба коронавирус гирифтор шуданд


Том Ҳенкс ва ҳамсараш
Том Ҳенкс ва ҳамсараш

Ҳунарпешаи маъруфи Ҳолливуд Том Ҳенкс дар Твиттераш хабар дод, ки озмоиши тибби нишон дод, ки вируси нав ба ӯ ва ҳамсараш Рита Уилсон сироят кардааст. Ҳарду дар Австралия мебошанд ва бо машварати табибон амал карда, худро дар инзиво қарор доданд.

Том Ҳенкс гуфт, ки илоҷе ҷуз иҷрои машварати табибонро надорад. Том Ҳенкс дар Австралия бо сабти филме машғул аст, ки зиндагии овозхони маъруф Элвис Преслиро бозгӯ мекунад. Ҳенкс дар Твиттераш навишт, ки ӯву ҳамсараш дар Квинсленд буданд ва дар он ҷо эҳсос карданд, ки нишонаҳое аз сармохӯрдагӣ доранд. Муроҷиат барои озмоиши тиббӣ вуҷуди вируси навро дар бадани ҳамсарон тасдиқ кард.

Дар ҳамин ҳол Анҷумани миллии баскетбол гуфт, ки ба мӯҳлати номуайян бозиву машқҳояшро бозмедорад. Тасмим баъди он гирифта шуд, ки олудагии ситораи баскетбол Руди Гоберт ба вируси нав тасдиқ шуд.

XS
SM
MD
LG