Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сарбози амрикоӣ ва як бритониёиро дар Ироқ куштаанд


Пойгоҳи Тоҷӣ дар шимоли Бағдод ҷойгир аст. Акс аз соли 2017
Пойгоҳи Тоҷӣ дар шимоли Бағдод ҷойгир аст. Акс аз соли 2017

Дар натиҷаи мушакборони як пойгоҳи нерӯҳои хориҷӣ дар Ироқ ду сарбози амрикоӣ ва як бритониёӣ кушта шудаанд. Хабаргузориҳои байналмилалӣ аз қавли мақомоти Амрико навиштаанд, ки дар натиҷаи суқути даҳҳо мушаки хурд чандин нафари дигар захмӣ шудаанд.

Мақомоти расмӣ гуфтаанд, ҳоло маълум нест, кӣ пойгоҳро ҳадаф гирифтааст, вале вазорати дифои Амрико дар гузашта гуфтааст, ки ҳамлаҳо кор дасти шибҳанизомиёни зери ҳимояти Эрон аст.

Эрон иддао кардааст, ки ҳамлаҳои мушакии шаби 7 ба 8-уми январ дар Ироқро, ки ба мағзи сари 110 сарбози амрикоӣ осеб расонд, нерӯҳои Эрон анҷом додаанд. Теҳрон гуфт, ки ҳамла ба пойгоши Айн-ал-Асад интиқом аз қатли генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ буд. Қосим Сулаймонӣ рӯзи 3-уми январ дар натиҷаи зарбаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Бағдод кушта шуд. Амрикову Бритониё рӯзи 11 уми март гуфтанд, ки омилони ҳамла подоши кори худро хоҳанд дид.

XS
SM
MD
LG