Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони ҳамлаҳои Кордайро ҳанӯз пайдо накардаанд


Деҳаи Масачӣ макони зисти аксар дунганҳо аст ва ин манзил аз ҷониби ҳамлагарон оташ зада шуд
Деҳаи Масачӣ макони зисти аксар дунганҳо аст ва ин манзил аз ҷониби ҳамлагарон оташ зада шуд

Гумонбарони куштор ва оташ задани манзилҳо дар низои байниқавмии ноҳияи Кордайи Қазоқистон, ки шаби 8 феврал сар зад, "ҳанӯз" муайян нашудаанд, гуфт муовини додситонии кулли Қазоқистон Дулат Дембоев.

"Дар робита ба ҳаводиси Кордай, ба гумонам, панҷ кас боздошт шудааст. Ду тан бо айби авбошӣ ва боқимондаҳо бо айби итоат накардан ба амри корманди милиса. Аз рӯи далелҳои оташсӯзӣ, куштор тафтишот идома дорад. Касе боздошт нашудааст", - гуфт Дембоев.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев оғози моҳи ҷорӣ гуфта буд, дар шуруъи занозании қавмӣ дар ноҳияи Кордайи кишвараш рӯзҳои 7-8 феврал, ки боиси марги 11 кас шуд, гуруҳҳои ҷиноӣ даст доранд.

"Маълум аст, дар минтақа одамоне ҳастанд, ки ба қочоқ машғуланд. Гуруҳи дигаре ҳам мехост, ба ин тиҷорат шомил шавад. Ба ибораи дигар, ба далели назорати манбаи даромади ғайриқонунӣ миёни ду гуруҳи ҷиноӣ низоъ бархост. Дар натиҷа одамони зиёде зарар дид, 11 кас кушта шуд. Дар ин бора бояд ошкоро суҳбат кард", - гуфт президент Тоқаев. Вай афзуд, мақомот бояд гунаҳкоронро "сарфи назар аз миллаташон" ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд.

Дар Қазоқистон баъди бетартибиҳои ноҳияи Кордайи вилояти Ҷамбил наздики 90 парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар дод муовини аввали корҳои дохилии он кишвар Мурод Кожаев.

Чанд парвандаи ҷиноии дигар дар робита ба итоат накардан ба корманди милиса, латукӯби солхӯрдаҳо ва дигар қонуншиканӣ боз шудааст.

"Ҳамарӯза шумори парвандаҳо афзоиш меёбад, зеро ҳолатҳои нав ошкор мешавад", - гуфт Кожаев. Вай афзуд, "садҳо одам" бозпурсӣ шудааст ва шумори умумии боздоштшудаҳо дертар хабар дода мешавад.

Мақомоти Қазоқистон пештар аз ин хабар дода буданд, ки дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои 7-8 феврал дар ноҳияи Кордай 25 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҳаводиси 7 феврали деҳаҳои ноҳияи Кордай мақомоти ин кишварро водор ба эъломи ҳолати фавқулода дар ин ноҳия кард.

Мақомот мегӯянд, ҳаводисе, ки ба эҳтимоли зиёд дар пайи "низои маишӣ" сар зад, рӯзи ҷумъаи 7 феврал шуруъ шуд ва дар деҳаҳои ноҳияи Кордай паҳн гардид. Бино бар нақли сокинон, он шаб садҳо марди ғайри маҳаллӣ ба деҳоте, ки аксари сокинонаш дунгантаборон ҳастанд, омада, ба латту кӯби бошандагон ва оташ додани хонаҳову мағозаҳо ва мошинҳо шуруъ карданд.

Дар натиҷаи ин занозанӣ 11 кас кушта ва садҳо нафар бо шумули 17 корманди пулис захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG