Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NYT: Хадамоти махсуси Русия дар ИМА бадбинии нажодӣ бармеангезанд


Мақомоти махсуси ИМА ба хулоса расиндаанд, ки ҳамтоёни руси онҳо бо таҳрики сафедпӯстон ба хушунат ва ангехтани норозигӣ миёни амрикоиҳои африқоӣ дар ҷомеаи Амрико ҳадафмандона бадбинии нажодиро бармеангезонанд. Дар ин бора нашрияи The New York Times бо истинод ба манобеи худ дар Хадамоти махсуси ИМА иттилоъ додааст.

Ба иттилои нашрия, Хадамоти иктишофи берунии Русия ҳам аз равиши соли 2016, дуруғпароканӣ пеш аз интихоботи президентӣ ва ҳам аз равиши нав - таъсир расонидан ба сафедпӯстони миллатгаро истифода мекунад. Ин маъракаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан дар гуруҳҳои пӯшида сурат мегиранд.

Ба гуфтаи намояндагони мақомоти махсуси ИМА, ҳадафи асосии ин талошҳои Русия эҷоди "эҳсоси бесарусомонӣ" дар Амрико аст.

Намояндагони Хадамоти махсуси ИМА рӯзи сешанбе дар як ҷаласаи пӯшида Маҷлиси намояндагони Амрикоро аз амалҳои Русия огаҳ карданд. Ин иқдом норозигии президенти ИМА Доналд Трампро ба бор овард, ки мегӯяд, рақибони демократаш аз хабари дахолати Русия зидди ӯ сӯистифода карда, таҳдидҳоро бузургтар нишон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG