Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фурӯши асъори хориҷӣ дар Қазоқистон баъди уфти қурби танга


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Қазоқистон хариди асъори хориҷиро манъ кард. Дар ин бора муовини вазири молияи он кишвар Берик Шолпанқулов хабар дод.

"Ҳамаи ширкатдорони бозори арз бояд асъори хориҷиро дар доираи иҷрои вазифаҳояшон, аз ҷумла хариди дастгоҳ ва ё пардохти қарзҳо хариду фурӯш кунанд. Хариди асъор танҳо барои захира кардан манъ аст", - гуфт Шолпанқулов.

Ба навиштаи расонаҳо, нуқтаҳои фурӯши асъор дар шаҳрҳои Алмато, Нурсултон ва Чимкент фурӯши арзи хориҷиро манъ кардаанд. Айни ҳол 1 доллари ИМА дар Қазоқистон аз 385 то 394 танга арзиш дорад.

Ин дар ҳолест, ки то рӯзи 6 март 1 доллари ИМА ба 382,05 танга баробар буд. Як моҳи пеш 1 доллар 376 танга фурӯхта мешуд. Қурби танга дар пайи уфти нафт дар бозори ҷаҳонӣ пойин рафт.

Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин гуфт, ки дар робита ба "уфти арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ" ҳукумати кишвараш харҷҳои буҷаро кам мекунад.

XS
SM
MD
LG