Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Италия бинобар коронавирус ба таври комил карантин шуд


Як каҳвахонаи бемуштарӣ. Италия, 9 март, 2020.
Як каҳвахонаи бемуштарӣ. Италия, 9 март, 2020.

Нахуствазири Италия барои пешгирӣ аз коронавирус дар саросари ин кишвар маҳдудиятҳои сахти рафту омад ҷорӣ кард. Аз сокинон хоста шудааст, ки бидуни зарурат аз хонаҳояшон берун нараванд. Баъди Чин, ки нахустин макони пайдошавии вирус мебошад, Италия дуюмин маконе бо теъдоди зиёди марги инсонҳо бар асари коронавирус, ба шумор меравад.​

Ҷузеппе Конте, нахуствазири Италия рӯзи душанбеи 9-уми март фармоне содир кард, ки рафтуомадҳои ғайризарурӣ ба хориҷ аз маҳалли зиндагии шаҳрвандонро маҳдуд ё мамнӯъ мекунанд. Оқои Конте аз шаҳрвандони кишвараш хостааст дар хона бимонанд. Ҷамъомадҳои умумӣ ва мусобиқаҳои футбол низ лағв шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Италия 9 ҳазор кас ба ин беморӣ гирифтор ҳастанд ва 463 тани дигар то рӯзи душанбеи 9-уми март ҷон бохтанд. Дар ҳоли ҳозир сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ дар Италия рӯ ба афзоиш аст.

Мақомҳои Италия қаблан шимоли ин кишварро дар карантин қарор дода буданд. Ин карантин шомили минтақаҳои сарватманд, аз ҷумла маркази молии Италия -- шаҳри Милан низ мешуд. Аммо чанд соат баъд маҳдудиятҳоро ба саросари кишвар густариш доданд.

Маҳдудиятҳо қарор аст то рӯзи севуми апрел идома ёбанд. Фармони нахуствазир дар айни ҳол ба ин маънӣ аст, ки марказҳои омӯзишӣ, мактабҳо ва донишгоҳҳо, ки қарор буд то 15-уми март таътил бошанд, низ то севуми апрел баста хоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" дар Мадрид -- пойтахти Испания ва минтақаҳои атрофи он ҳамаи мактабҳо баста шуданд. Мавридҳои гирифторӣ дар бархе аз кишварҳои арабӣ, ки бо Испания ва Италия наздик ҳастанд, тайи рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст.

Мақомот дар Эрон тахминан 70 ҳазор нафарро бо сабаби дар ин кишвар хуруҷ кардани коронавирус аз зиндонҳо озод карданд. Иброҳим Раисӣ, раҳбари дастгоҳи адлияи ин кишвар гузориш дод, ки ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки дар 24 соати ахир 43 нафари дигар бар асари ин вирус ҷон доданд.

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ сабт нашудааст, аммо мақомот ба хотири пешгирӣ аз эҳтимоли гирифторӣ ба ин беморӣ, бархе маросимҳо, аз ҷумла адои намоз дар масҷидҳоро муваққатан манъ карданд ва барномаҳои наврӯзиро лағв намуданд.

Дар ҳоле, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар Чин ва Кореяи Ҷанубӣ рӯ ба коҳиш аст, тайи рӯзҳои гузашта мавридҳои гирифторӣ ба ин вирус дар Аврупо афзоиш ёфтааст.

Ба сурати умум, вируси корона, ки бори аввал охири соли гузашта дар Чин ташхис шуд, дар камаш 106 кишвар доман паҳн карда, беш аз 4 ҳазор нафарро ба ҳалокат расонидааст. Тибқи омори расмӣ, то кунун дар ҷаҳон зиёда аз 113 ҳазор нафар гирифтори ин вирус мебошанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG