Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси тиҷории Қирғизистону Қазоқистон то ба СҶТ рафт


Марзи Қирғизистон ва Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Қирғизистон ва Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар ҷаласаи шӯрои кулли Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) шикояти Қирғизистон аз Қазоқистон баррасӣ шуд, ки гуфт, аз чораҳои маҳдудкунандаи тиҷорӣ кор гирифта, санҷиши мошинҳои боркашро дар марз сахттар кардааст.

Шикояти Қирғизистонро дар ҷаласаи мазкур дар шаҳри Вена намояндаи доимии ин кишвар дар СҶТ Даниёр Мукашев пешниҳод кард. Ӯ гуфт, Қазоқистон дар муносибат бо Қирғизистон қоидаҳои байналмилалии тиҷориро нақз карда, ба гузаштани мошинҳои боркаш аз марзи ду кишвар монеа эҷод мекунад. Аз ҷумла, аз моҳи марти соли 2019 зидди молу маҳсулоте, ки аз Қирғизистон тариқи Қазоқистон ба кишвари севум содир мешавад, маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Ба гуфтаи намояндаи Қирғизистон, ҳаҷми содироти молҳои кишвараш дар натиҷаи маҳдудиятҳои ҷониби Қазоқистон дар соли гузашта 24,4 дарсад коҳиш ёфтааст, ки хилофи созишномаҳо дар доираи СҶТ аст.

Вале ҷониби Қазоқистон ин бор низ иддаои Қирғизистонро рад карда, гуфт, бештари молҳое, ки аз Қирғизистон ворид мешаванд, қочоқӣ ҳастанд ва бидуни боҷи гумрукӣ дохил мешаванд, ки ин ба буҷаи Қазоқистон зарар мерасонад.

Намояндаи Қазоқистон дар СҶТ Жанар Айтматов гуфт, танҳо дар соли 2019 беш аз 2600 ҳолати воридоти мол ба дастраскунандагони тақаллубӣ ошкор карда шудааст. Ҳамчунин дар беш аз 4800 ҳолат, тоҷирони қирғиз гуфтаанд, молро ба Русия мебаранд, вале дар дохили Қазоқистон онро ба фурӯш гузоштаанд.

Дар натиҷа ҳайати Қирғизистон гуфт, масъалаи мазкурро ба долони ниҳодҳое аз СҶТ хоҳад кашонд, ки баҳсҳои ҳамсонро баррасӣ мекунанд. Намояндаи Қазоқистон дар посух гуфт, кишвараш дар доираи баҳсҳои додгоҳӣ низ ба ҳифзи манфиатҳои худ идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG