Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равуо дар саросари Италия ба хотири коронавирус маҳдуд шуд


Шаҳри Милан, Италия.
Шаҳри Милан, Италия.

Сарвазири Италия Ҷузеппе Конте гуфт, ба хотири пешгирӣ аз паҳни коронавирус дар саросари ин кишвар чораҳои маҳдудкунанда эълом карда мешавад. Аз ҷумла, равуо дар дохили Италия низ манъ хоҳад шуд.

"Минтақаҳои ба истилоҳ, "сурх" нахоҳад буд. Сар аз рӯзи сешанбе тамоми Италия минтақаи муҳофизатшуда эълом карда мешавад",-изҳор дошт Конте дар сӯҳбат бо хабарнигорон.

Дар Италия шумори мубталоён ба коронавирус дар давоми як рӯзи ахир - 9 март 1807 нафар афзоиш ёфтааст. Ҷамъан дар ин кишвар 9172 ҳолати гирифторшавӣ ба вирусӣ нав ба қайд гирифта шудааст, ки 463-тои онҳо марговар мебошанд.

Дар саросари ҷаҳон то шоми 9 март 114 ҳазор одам ба коронавирус мубтало шуда, аз ин миён 4004 кас ҷон бохта, 62 834 нафари дигар шифо ёфтаанд. Дирӯз, 9 март дар ҷаҳон 199 кас (97 нафар танҳо дар Италия) аз ин вирус ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG