Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон афсари собиқро бо гуноҳи хиёнат маҳкум кард


Бинои Додгоҳи олии Узбекистон
Бинои Додгоҳи олии Узбекистон

Узбекистон як афсари собиқи ин кишвар, Владимир Калошинро дар пушти дарҳои баста бо гуноҳи хиёнат ба ватан ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Духтари Калошин Анастасия Епишева, ки дар шаҳри Маскав ба сар мебарад, рӯзи 5-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, падарашро як рӯз пеш дар Тошканд маҳкум карданд.

Ӯ илова кард, ки тафсилоти ҳукмро дар даст надорад, вале гуфт, падарашро аз рутбаи полковник маҳрум карданд.

Ба қавли ин хонум, вакили Калошин таъкид кардааст, ки зерҳимояаш худро гунаҳкор намешуморад ва бознигарии ҳукмро дар тамоми додгоҳҳои имконпазир, аз ҷумла байналмилалӣ талаб хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG