Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 30 нафар дар ҳамла ба нишасте, ки Абдуллоҳу Раббонӣ он ҷо буданд


Маҳалли ҳодиса. 6-уми март, 2020. Кобул.
Маҳалли ҳодиса. 6-уми март, 2020. Кобул.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон мегӯяд, бар асари ҳамла ба маросими ёдбуди Абдулалӣ Мазорӣ, раҳбари пешини Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон, 32 нафар кушта шудаанд. Вазорати тандурустии Афғонистон аз захмӣ шудани 58 нафари дигар хабар дод. Бино ба гузориши "Аъмоқ", сомонаи марбут ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтааст. ​

Ҳамла соатҳои тақрибан 11-и рӯзи 6-уми март сурат гирифт. Тирандозӣ замоне оғоз шуд, ки ҳамоиши бахшида ба ёдбуди Абдулалӣ Мазорӣ дар минтақаи Дашти Барчии шаҳри Кобул дар ҳоли доир шудан буд.

Дар ин ҳамоиш шуморе аз чеҳраҳои матраҳи Афғонистон, аз ҷумла, раиси иҷроияи ҳукумат Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раҳбари ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва вазири пешини умури хориҷӣ Салоҳиддин Раббонӣ ва муовини раиси иҷроияи ҳукумат Муҳаммад Муҳаққиқ ҳузур доштанд.

Муовини сухангӯи раёсати иҷроияи ҳукумати Афғонистон тасдиқ кардааст, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ солим аст ва аз маҳали ҳодиса берун бурда шудааст. Яке аз ёварони Муҳаммад Муҳаққиқ низ мегӯяд, ӯ солим мебошад.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳамла ба маросими гиромидошт аз 25-умин солгарди Абдулалӣ Мазориро "ҷиноят ба зидди башарият" хондааст.

Ба иттилои телевизиони "Тулӯъ", Толибон гуфтаанд, дар ин ҳамла даст надоранд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ дар "Твиттер" навиштааст, ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба як нишаст дар шаҳри Кобул рабте ба ин гурӯҳ надорад.

Соли гузашта низ чунин маросим мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Дар он ҳамла Абдулатиф Пидром, раҳбари ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон ҷароҳат бардошта буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG