Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкоматҳои Ишқобод дубора холӣ шуданд


Туркманистон. Як зан аз банкомат пул мегирад.
Туркманистон. Як зан аз банкомат пул мегирад.

Аксари бонкоматҳои Ишқобод дубора бе маблағ монданд. Ба гуфтаи сокинони пойтахти Туркманистон, набуди нақдина дар бонкоматҳо аз оғози моҳи ҷорӣ мушоҳида мешавад.

"Сар аз 1-уми март сокинони Ишқобод дубора ба камбуди нақдина дар бонкоматҳо рӯ ба рӯ шуданд. Аксари бонкоматҳо фаъол нестанд ва онҳое ҳам ки фаъоланд, маблағ надоранд",-гуфт як сокини Ишқобод.

"Нафақахӯрон натавонистанд, то имрӯз нафақаашонро бигиранд",-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар чунин шароит бештари сокинони Ишқобод натавонистаанд, ки моҳона, нафақа ва идрорпулиашонро бигиранд.

Сокинони Туркманистон ду соли охир аст, ки ҳар аз гоҳе ба мушкили камбуд ё набуди маблағ дар бонкоматҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG