Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ӯ "Гуруҳи 24" монд. Панҷ сол пеш Умаралӣ Қувватов дар Истанбул кушта шуд.


Умаралӣ Қувватов.

Риштаи ҳаёти Умаралӣ Қувватов яке аз мухолифони номдори ҳукумати Тоҷикистон, ки дар гузашта аз соҳибкорони сарватманду пуркор буд ва баъдан зери фишор кишварро тарк карду ду бор, дар Дубай ва Туркия ҳабсу озод шуд, рӯзи 5 марти соли 2015 дар Истанбул канда шуд.

Ҳамсари ӯ Қумриниссо Ҳафизова, ки шоҳиди куштори Умаралӣ Қувватов буд гуфт, ки шавҳарашро дар пеши чашми фарзандони хурдсолаш куштаанд. Ӯ нақл кард, ки ҳодиса аз меҳмонии Сулаймон Қаюмов, яке аз рафиқони шавҳараш дар маҳаллаи Оқсаройи Истанбул шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи Қумриниссо Ҳафизова, шарбату йогуртҳое, ки мизбон барои фарзандонаш оварда буд, таъми ғайриодӣ ва бисёр талх дошт ва дар муддати кӯтоҳ ҳолашонро бад кард:

“Сокҳо бисёр талх буданд. Ман ба даҳонам задам, бисёр талх буд. Вақте ба шавҳарам гуфтам, гуфт, ки муҳлати истифодаашро бин, шояд гузашта бошад. Ман дидам, гуфтам, ки не нагузаштааст. Писари калониам гуфт, ки канӣ ман хӯрам оча, сок талх аст, ё мумкин даҳони шумо талх бошад. Ӯ ҳам каме хӯрд ва гуфт, ки талх аст, падараш ҳам хурд ва гуфт бисёр талх аст. Вале писари хурдиам гуфт, ки ман аз шумо зӯр ҳастам, ман “человек паук” ҳастам ва як бакалро пур кард ва хӯрд. Писари хурдиам зуд аз по афтод, баъди ӯ ман аз по афтодам, оҳиста-оҳиста ҳамаамон шудем. Умаралӣ (ба Сулаймон) гуфт, ки ту ба мо заҳр додӣ, ту ҳамаи моро куштан мехоҳӣ. Баъд хесту гуфт, ки аз хона бароед, дасти маро гирифт, дасти кудаконро гирифт ва аз хона баромадем.”

Қумриниссо Ҳафизова, ки зимни нақли ин ҳодиса беист мегирист, дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки қатли шавҳараш дар як кӯчаи торики Истанбул тавре сурат гирифт, ки касе пай набурд:

“Гуфтем, ки то хона худро расонда баъд, мошини ёрии таъҷилӣ даъват кунем, вале дар роҳ ман ва писари хурдиам дигар маҷоли роҳ рафтан надоштем ва моро ба замин шинонданд. Умаралӣ дасти маро гирифта буд, ки ман наафтам, сумкаҳои моро гирифта буд. Писари калониам дасти дигарамро гирифта буд, рӯяшро тарафи падараш гардонд ва ногаҳон дод зад ва ман баъди овози ӯ дидам, ки шавҳарам афтодааст.“

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қотил зоҳиран бо таппончаи бесадо шавҳарашро кушт, зеро садои тир баланд набуд. Қумриниссо Ҳафизова қотилро ҳам надидааст: “Мо он нафарро тамоман надидем. Вақте шавҳари ман афтод, пешониаш сӯрох буд, сарашро бардоштам ва дод задам, ки духтур даъват кунанд. Бадани шавҳарам гарм буд, он вақт. Вақте маро ба беморхона бурданд ва ман ба ёд омадам гуфтанд, ки аз паси сараш тир задаанд.“

Қумриниссо Ҳафизова мегӯяд, ки сари шавҳарашро рӯи зонуяш гузошт ва фарёд кашид, ки мошини ёрии таъҷилиро даъват кунанд ва мошини пулис ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳам тақрибан баъди 5 ё 10 дақиқа ба маҳалли ҳодиса расиданд ва худи ӯву фарзандонашро ба бемористон бурданд. Ҳамсараш лаҳзаҳои охирини аз по афтодани Умаралӣ Қувватовро чунин нақл кард: “Чизе нагуфт, чашмонаш пӯшида буд, якпаҳлу хоб буд, фақат пешониш метофт, хунаш мерафт, на даст ва на пойҳояш ҳаракат намекард.“

Умаралӣ Қувватов дар гузашта аз раҳбарони ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз” – ду ширкати пештоз дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистон буд. Ин ширкатҳоро ба Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон марбут медонанд. Ӯ ва шарикаш Шарофиддин Гадоев иддао доранд, ки тиҷораташонро дар Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аз худ кард.

Аммо мудирияти ширкати "Фароз" бо пахши як изҳорот дар моҳи январи соли 2015 эълом дошт, ки Қувватов ҳаргиз рабте бо ин корхона надоштааст. Ҷаҳонгир Алимов, ёвари мудири кулли ширкати “Фароз”, дар шарҳи ин изҳорот гуфт, дар Вазорати адлияи Тоҷикистон тамоми асноди марбут ба ширкати “Фароз” маҳфузанд ва дар ин ҳуҷҷатҳо номи Умаралӣ Қувватов аслан зикр наёфтааст. Аммо OCCRP (Organized Crime and Corruption Reporting Project) ё Барномаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷароими Созмонёфта ва Фасод моҳи июни соли 2018 бо такия ба видеоҳое, ки раҳбарони "Фароз"-ро ҳамроҳи Қувватов нишон медиҳанд ва ҳамчунин сабти савтии гуфтугуҳо миёни онҳо нақши Қувватовро дар таъсис ва муваффақияти "Фароз" муҳим номид.

Қувватов баъди барканориаш аз раҳбарии ин ширкатҳо тарки Тоҷикистон кард ва тобистони соли 2012 дар Маскав аз таъсиси як гурӯҳи сиёсӣ бо номи Гурӯҳи 24 хабар дод. Дар яке аз мусоҳибаҳояш он вақт гуфт: “Ман аз сарзамини Тоҷикистон дасти холӣ баромадагӣ ҳастам, ба он сабаб, ки, то ҳол нагуфта набудам ва нав ба Шумо мегӯям, ба он сабаб, ки амният гирди хонаи маро гирифта буд ва доимо ба ман занг мезаданд, ки ана ин вақт туро мегирем, он вақт туро мегирем. Аввал ман баромадам ва занма қатӣ кӯдаком гуфтам, Шумо оҳиста худатонро бикашед. Яъне имконияти аз сарзамини Тоҷикистон кашидани пул набуд. Инҳо фаҳмида буданд, ки ман бисёре аз аснодро ҷамъ карда будам, бисёр чизҳоро забт карда будам. Медонистанд, ки ман меравам ва бо ҳар роҳ мехостанд, ки пулро надиҳанд. Баъд аз расидан ба Русия як миқдор пуле, ки дар давраи кориям дӯстоне аз ман қарз гирифта буданд, баргардонанд ва бо он дар Русия тиҷорат сар кардам ва он ҳам на бештар аз 150 ҳазор доллар буд."

Ӯ ба тундӣ аз сиёсатҳои давлати Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекард ва чанд дафъа аз раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон тақозо кард, ки номзадиашро дар интихоботи соли 2013 нагузорад. Моҳи августи он сол, Қувватов режимро ба таври оммавӣ дар телевизион танқид кард. Дар якчанд мусоҳиба, ӯ режимро барои авторитаризм ва ноқобилӣ барои идора кардани кишвар сарзаниш кард. Ӯ ба таври ошкор аз президент тақозо намуд, ки ба истеъфо равад. Гурӯҳи 24 натавонист шуҳрати Ҳизби наҳзати исломиро, ки акнун мамнуъст, ба даст орад, аммо дар байни муҳоҷирони корӣ дар Русия тарафдорон пайдо кард.

Дар Тоҷикистон алайҳи Қувватов парвандаи ҷиноӣ кушоданд ва ҳамзамон як гурӯҳи табибон, ки иддао доштанд, дар вазорати тандурустии Тоҷикистон кор мекунанд, ба матбуот гуфтанд, ки Умаралӣ Қувватов бемории рӯҳӣ дорад. Аммо худи Қувватов инро рад карда, мегуфт, Душанбе аз ӯ барои фаъолияти сиёсиаш қасос мегирад.

Мақомоти тоҷик борҳо гуфтаанд, ки гурӯҳҳо ва қудратҳое ҳастанд, ки мехоҳанд вазъи амниятии минтақаро ба ҳам бизананд. Раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ки “Гурӯҳи 24” бозичаи дасти абадқудратҳо шудааст.

Худойбердӣ Холиқназарзода, он замон раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5 январи соли 2015 зимни нишасти хабарии ин ниҳоди таҳқиқотӣ гуфт, афрод ва қудратҳое ҳастанд, ки мехоҳанд вазъи минтақаро ноором нигаҳ доранд. Ӯ дар ин робита ба тазоҳуроти эълоннамудаи моҳи октябри соли 2014-и "Гурӯҳи 24" бо раҳбарии Умаралӣ Қувватов ишора намуд ва гуфт, ки онҳо бозичаи дасти абарқудратҳое ҳастанд, ки мехоҳанд амнияти минтақаро ба ҳам бизананд.

Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз кишвар ва ё қудрати алоҳидае, ки пуштибонӣ Умаралӣ Қувватов ҳастанд ном набурд, вале СESI, Маркази мутолеоти стратегии Авруосиё, мақараш дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир ба дунболи сару садоҳои тазоҳуроти Гурӯҳи 24 гуфта буд, ки Русия мехоҳад бо ин роҳ ба Тоҷикистон ҳушдор бидиҳад, ки зиёд ба тарафи Чин майл накунад.

Исми Қувватов бори дигар дар тирамоҳи соли 2014, дар пайи даъватҳо ба як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе дар таърихи 10 октябр вирди забонҳо шуд. Ин даъват мақомотро водор кард, ки чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт бо сафарбар кардани ҳатто мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон кард ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ кард.​ Эълони ин митинг дар шабакаҳои иҷтимоӣ он вақт чораҳои шадиди амниятиро дар Душанбе ба миён овард ва ҳаросу эҳтиёткории ҳукуматро нишон дод. Дар рӯзи эълоншудаи митинг – 10-уми октябр майдони марказии Душанбе холӣ буд, аммо сӯҳбат аз эҳтимоли баргузории тазоҳурот ба ҳар хонадон сар халонд. Дар муқобили иттиҳомоти давлат он вақт Умаралӣ Қувватов гуфт, "ҳадаф аз эълони митинг омӯхтани вазъи Тоҷикистон буд".

Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2013 дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд ва мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ин боздошт бо дархости онҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Вале пас аз чанде Қувватов озод шуд, аммо дигарбора, дар моҳи декабри соли 2014 дар Туркия боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон он вақт аз Туркия истирдоди ӯро дархост карданд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 16 январи соли 2015 гуфт, “дар ин дархост кулли ҷиноятҳои иқтисодии Қувватов сабт шуда”, аммо тасмими истирдод ба дасти мақомоти Туркия аст. Аммо боз ҳам Қувватов озод шуд ва пас аз чанде ҳадафи суиқасде қарор гирифт, ки бо марги ӯ анҷом ёфт.

Додгоҳи Истанбул Сулаймон Қаюмов, гумонбари асосии қатли Қувватовро ба ҳабси абад маҳкум кард, аммо гуфт, ду гумонбари дигари куштори раҳбари “Гуруҳи 24” тавонистаанд аз Туркия фирор кунанд ва феълан аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб гузошта шудаанд. Аммо на он вақт ва но ҳоло номи фармоишгарони ин куштор ифшо нашудааст. Дар ҳамин ҳол "Гуруҳи 24", ки Қувватов асосашро гузошт, фаъол ва ҳамоно мухолифи ҳукумати феълии Тоҷикистон аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

XS
SM
MD
LG