Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Евгений Бунин, муҳаққиқи уйғурҳои Чинро ба Узбекистон роҳ надоданд


Евгений Бунин.
Евгений Бунин.

Нависанда ва мутарҷим, муҳаққиқи машҳури уйғурҳои Чин Евгений Бунинро рӯзи 1-уми март иҷоза надоданд, ки вориди Узбекистон шавад.

Бунин, ки шаҳрвандии Русия ва ИМА-ро дорад, талош кард, бо шиносномаи амрикоияш вориди Узбекистон шавад, аммо ӯро аз марзи Қазоқистону Узбекистон баргардониданд.

Дар гузашта, рӯзи 1-уми ноябр соли 2019 низ мақомоти Узбекистон Бунинро иҷоза надода буданд, ки вориди ин кишвар шавад.

Он замон дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд гуфтанд, сабабҳои ихроҷи Бунинро намедонанд ва тавсия доданд, ки ба вазорати корҳои хориҷии Узбекистон барои маълум кардани ин қазия муроҷиат шавад.

Бунин бовар дорад, ки манъи вуруди вай ба Узбекистон мустақиман ба пажуҳишҳояш дар мавриди масъалаи уйғурҳои Чин ва тарҳи Xinjiang Victims Database ё Пойгоҳи қурбониёни Шинҷон рабт дорад. Дар ин пойгоҳ то кунун дар бораи 8 ҳазор қурбонии уйғурҳои Шинҷони Чин маълумот сабт шудааст.

Евгений Бунин мегӯяд, Тошканди расмӣ, ки бо Пекин равобити хуб дорад ва ҳамчунин ҳавасманди сармояҳои Чин аст, намехоҳад, Бунин вориди Узбекистон шавад ва дар бораи уйғурҳои Чин аз Узбекистон иттилое пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG