Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Русия содироти ниқобҳои тиббиро манъ кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Русия содироти ниқобҳои тиббӣ ва хилъатҳо, бахилҳо, дастпӯшҳои резинӣ, хилъатҳои зидди тоъунӣ ва дигар навъи маҳсулоти тиббиро ба хориҷ манъ кард. Ин қарори ҳукумати Русия субҳи 4-уми март нашр шуд.

Қарори мазкур то 1-уми июни соли 2020 идома мекунад. Дар ҳуҷҷат омадааст, ки тасмими манъи содирот ба хотири пешгирӣ аз норасоии маҳсулоти мазкур дар сурати густариши вируси корона рӯи даст гирифта шудааст. Аммо шаҳрвандон метавонанд, барои истифодаи худ ин навъи маҳсулоти тиббиро, дар ҳаҷми маҳдуд, бо худ ба хориҷ баранд.

Бино ба иттилои расида, то субҳи 4-уми март дар саросари ҷаҳон 92 ҳазору 801 кас ба вируси корона гирифтор шудаанд. Аз ин шумор 3201 кас вафот кардааст. Дар ҳоли ҳозир шумори бештари гирифторон дар Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон ва Итолиё сабт шудааст. Дар маҷмуъ вируси мазкур ба 76 кишвар расидааст.

XS
SM
MD
LG