Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷинбарорӣ" ва ё табобати асаб дар Африқо чӣ гуна аст? ВИДЕО


Дар Тоҷикистон баъзе аз гирифторони бемории афсурдагӣ ё рӯҳӣ барои табобат ба пизишкони халқӣ ваё ба истилоҳ рӯҳониёни ҷинбарор муроҷиат мекунанд. Муассир будани ин гуна усули табобат аз ҷиҳати илмӣ собит нашудааст, вале чунин таҷрибаи табобат ваё ҷинбаророн танҳо хоси Тоҷикистон набудааст.

Дар кишвари африқоии Сомали низ бархе аз чунин беморон ба табибони халқӣ рӯ меоранд, ки бо усули ғайриодие беморонро табобат карданӣ ҳастанд.

Муҳаммад Яъқубро дар як кулбаи канори шаҳри Могадишу – пойтахти Сомали – дар рӯ ба рӯйи кафтор гузоштаанд. Тибқи боварҳои анъанавии мардуми Сомали, ки решаҳои амиқ доранд, кафтор ҷинҳо ва рӯҳи шайтониро, ки сабабгори бемории рӯҳӣ ва афсурдагӣ мебошанд, "мехӯрад".

Муҳаммадро бародараш Абдӣ ба назди пизишки халқӣ Аден Игаал овардааст, ки бо лақаби "Доктор Кафтор" машҳур аст.

Абдӣ Яъқуб, бародари Муҳаммад Яъқуб, гуфт, "падарам ба бародарам фармон дод, ки аз ҳамсараш ҷудо шавад ва бо зани дигар издивоҷ кунад. Ҳамсараш рафт ва баъд аз он рӯз ба рӯз дарди сараш бештар шуд. Бародарам ҳар вақте ки ҳамсарашро медид, гиря мекард. Хулоса, ӯ ақлашро гум кард ва мо ӯро барои табобат ба ин ҷо овардем."

"Ҷинбарорӣ" ва ё табобати асаб дар Африқо чӣ гуна аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Табобат дар ин ҷо даҳшатовар аст, вале таҷрибаи аз он бадтар ҳам вуҷуд доштааст.

Аслан тибқи анъанаҳои қадимӣ беморони рӯҳиро дар як утоқ бо кафтори берун аз қафас мемондаанд, ки баъзан мавриди ҳамлаи кафтор қарор гирифта, маҷруҳ ва ё ҳатто ҳалок мешудаанд.

"Доктор Кафтор" бовар дорад, ки табобати ӯ ба касе зарар намерасонад, зеро кафтораш дар қафас аст.

Ҳомиёни ҳайвоноти ваҳшӣ ба табибони бемориҳои рӯҳӣ ба қавли ӯ мувофиқ нестанд.

Юсуф Ҳасан, пизишки бемориҳои рӯҳӣ, гуфт: "Ман ба чунин тарзи табобат эътимод надорам. Ин навъи муолиҷа илмӣ нест ва мушкили беморони рӯҳиро ҳал намекунад"

Аммо дар кишваре, ки тибқи омори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳамагӣ се табиби тамриндидаи бемориҳои рӯҳӣ ба қайд гирифта шудааст, барои беморони табибони шабеҳи "Доктор Кафтор" ягона интихоби муолиҷа мемонад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG